Дар шаҳри Лоҳур «Намоиши муҳандисии Покистон 22» доир мегардад

Январь 21, 2022 14:20

ДУШАНБЕ, 21.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Идораи рушди тиҷорати Покистон (TDAP) аз 25 то 27 феврали соли равон  дар шаҳри Лоҳури Ҷумҳурии Исломии Покистон «Намоиши муҳандисии Покистон 22»-ро ташкил менамояд. Дар ин бора аз Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, намоишгоҳ имкони хубе барои барқарор намудани робитаҳои мустақими корӣ бо саноати Покистонро дар бахшҳои дорусозӣ, мошинҳои кишоварзӣ, асбобҳои ҷарроҳӣ, масолеҳи сохтмонӣ ва ғайра фароҳам меорад.

Воридкунандагон-харидорон аз Тоҷикистон, ки хоҳиши иштирок дар ин намоишгоҳро доранд, метавонанд то 28 январи соли 2022 бо шуъбаи тиҷоратӣ дар Сафорати Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тамос гиранд ва тариқи торнамоии ehcs.tdap.gov.pk  аз қайдгирӣ гузаранд.

АКС: аз Маркази матбуоти ПСС ҶТ

Январь 21, 2022 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд