Дар шаҳри Лоҳур «Намоиши муҳандисии Покистон 22» доир мегардад
ДУШАНБЕ, 21.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Идораи рушди тиҷорати Покистон (TDAP) аз 25 то 27 феврали соли равон дар шаҳри Лоҳури Ҷумҳурии Исломии Покистон «Намоиши муҳандисии Покистон 22»-ро ташкил менамояд. Дар ин бора аз Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Тавре иттилоъ дода шуд, намоишгоҳ имкони хубе барои барқарор намудани робитаҳои мустақими корӣ бо саноати Покистонро дар бахшҳои дорусозӣ, мошинҳои кишоварзӣ, асбобҳои ҷарроҳӣ, масолеҳи сохтмонӣ ва ғайра фароҳам меорад.
Воридкунандагон-харидорон аз Тоҷикистон, ки хоҳиши иштирок дар ин намоишгоҳро доранд, метавонанд то 28 январи соли 2022 бо шуъбаи тиҷоратӣ дар Сафорати Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тамос гиранд ва тариқи торнамоии ehcs.tdap.gov.pk аз қайдгирӣ гузаранд.
АКС: аз Маркази матбуоти ПСС ҶТ








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Академияи миллии илмҳо бахшида ба 90 – солагии профессор Муқаддима Ашрафӣ конференсия баргузор шуд
Имрӯз дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Намояндагони парлумонҳои Туркия, Узбекистон ва Озарбойҷон дар Осорхонаи миллӣ бо шоҳкориҳои нодири ниёгонамон шинос шуданд
Рӯзи ҷавонон на танҳо ҷашн, балки рӯзи умеду орзуҳо ва масъулияти насли ояндасози Тоҷикистон аст
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Турсунзода бо сарбозони дидбонгоҳҳои сарҳадӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Наврасону ҷавонони ноҳияи Мурғоб дар ҳашари экологии «Соҳили тоза-2026» иштирок намуданд
«МегаФон Тоҷикистон»: Касбу кор аз хазина оғоз меёбад
Хайриддин Усмонзода бо роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ вохӯрӣ намуд






