Дар Суғд аксияи «Тозагии маҳал» гузаронида шуда, маъракаи ниҳолшинонӣ ҷараён дорад

Январь 31, 2022 11:57

ДУШАНБЕ, 31.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади тозаву озода нигоҳ доштани  муҳити зист,  баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии сокинон дар шаҳри Гулистон аксияи «Тозагии маҳал» баргузор гардид. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи ҳифзи муҳити назди Ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар он намояндагони муассисаҳои маориф, фарҳанг, тандурустӣ, мактаби варзишӣ, коллеҷи тиббӣ, шабакаҳои барқии вилоят, ҶСК «Қолинҳои Қайроққум» ва дигар сохторҳои маҳаллӣ,  дар маҷмӯъ 500 нафар фаъолона иштирок намуданд. Дар доираи аксияи тозагии маҳал атрофи корхонаву муассисаҳо ва мавзеъҳои истироҳатӣ   пурра  тоза карда шуда, 8,2 метри мураббаъ ахлот ба партовгоҳи асосӣ бароварда шуд.

Ҳамзамон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 5-и шаҳри Истиқлол дар вилояти Суғд аксияи «Тозагии маҳал» гузаронида шуда, дар он омӯзгорон ва хонандагон фаъолона иштирок намуда, атрофи муассисаро аз партовҳои гуногун тоза намуданд.

Ҷунин аксияҳои экологӣ дар муассисаҳои дигари таълимии шаҳри Истиқлол низ пешбинӣ гардидаанд.

Ҳамзамон назар ба иттилои Кумитаи ҳифзи муҳити зист, корҳои ободониву сабзазоркунӣ дар ноҳияи Ашт бомаром идома дошта, ҳафтаи равон дар ҷамоати Ошобаи ноҳия беш аз 250 бех ниҳоли дарахтони сояафкан, ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуданд.

Бино ба маълумоти бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Ашт, дар маъракаи ниҳолшинонӣ 300 нафар сокинон фаъолона иштирок намуданд.

Баҳри беҳдошти муҳити зист, аз ҷумла шинонидани ниҳолҳо ва сабзазоркунӣ дар дигар ҷамоату мавзеъҳои ноҳияи Ашт иқдомҳо пешбинӣ гардидаанд.

АКСҲО: Кумитаи ҳифзи муҳити  зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ

Январь 31, 2022 11:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд