Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ лоиҳаи «Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак» баррасӣ гардид

Январь 15, 2022 10:49

ДУШАНБЕ, 15.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. 14 январ дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба амалигардонии лоиҳаи «Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак» баргузор гардид. Дар ҷаласа таваҷҷуҳи  иштирокдорон  оид ба тадбирҳои андешидаи саривақтии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба  ҳифзи саломатии модару  кӯдак дар ноҳияҳои таҷрибавии лоиҳа, аз ҷумла ноҳияҳои Файзободу Рашт ва Шамсиддин Шоҳин равона гардид, иттилоъ додан ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар ҷаласа Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, муовинони вазорату идораҳои дахлдор намояндагони мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои таҷрибавии лоиҳа, аз ҷумла Рашт ва Файзободи тобеи ҷумҳур ва Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон ва як қатор масъулини Гурӯҳи татбиқи Лоиҳа иштирок доштанд.

Ҷамолиддин Абдуллозода зикр намуд, ки тамоми тадбирҳои амалишаванда дар доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 декабри соли 2021 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ» зикр гардидаанд, ба роҳ монда шудаанд.

Ҳамчунин  ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллии ноҳияҳои таҷрибавии Лоиҳа супориш дода шуд, ки ҷиҳати гузаронидани чорабиниҳои мухталифи комуникатсионӣ ва иҷрои натиҷаи миёнамуҳлатҳои Лоиҳа саҳми арзандаи худро гузоранд.

Иштирокчиён оид  ба татбиқи  лоиҳа фикру андешаи худро баён намуда, бо дарназардошти  таклифҳои пешниҳодгардида  ҷиҳати  амалигардонии лоиҳаи «Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак» қарор қабул гардида, нақшаи корӣ оид ба амалигардонии Лоиҳаи  мазкур  дар соли 2022 барои тасдиқ пешниҳод карда шуд.

АКСҲО аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ

Январь 15, 2022 10:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд