Дастовардҳо ва ташаккули мақомоти гумрук дар зарфи 30 соли Истиқлолияти давлатӣ
ДУШАНБЕ, 19.01.2022 /АМИТ«Ховар»/. Сарфи назар аз муваффақияте, ки дар бисёр самтҳои рушди иқтисод ба даст омадаанд, масъалаи такмил ва рушди мақомоти гумрук бо дарназардошти талаботи замони муосир дар шароити ҷаҳонишавӣ ниҳоят муҳим ва мубрам боқӣ мемонад.
Чунин зикр шуд дар ҷараёни конфронси илмию амалии ҷумҳуриявӣ, ки таҳти унвони «Рушди мақомоти гумрук дар 30 соли таъсиси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Душанбе доир гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ.
Муайян намудан ва омӯхтани роҳҳои босамари татбиқи ташаккули мақомоти гумруки кишвар барои солҳои минбаъда бо дарназардошти тавсияҳои Созмони Ҷаҳонии Гумрук, нақши Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ дар таҳкими қонунгузории гумрукии ҷумҳурӣ ва такмили таъминоти ҳуқуқии фаъолияти мақомоти гумрук – омили таъмини қонуният дар соҳа, таъмини амнияти иқтисодӣ-вазифаи асосии Хадамоти гумрук аз ҳадафҳои асосии конфронс буданд.
Конфронс бо ибтикори Хадамоти гумрук ва Донишкадаи такмили ихтисоси мақомоти гумрук гузаронида шуда, дар он намояндагони идораҳои давлатӣ, олимони донишгоҳу донишкадаҳо, собиқадорони соҳаи гумрук, кормандони дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук ва воҳидҳои сохтории он иштирок намуданд.
Сардори Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Ёр Амириён зикр намуд, ки маҳз тавассути сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бахши барқарор ва мукаммал гардонидани низоми идоракунии давлат, дигаргунсозиҳои сохторӣ, таъмини гуногуншаклии моликият, фароҳам овардани шароити мусоид барои соҳибкорию сармоягузорӣ, ташаккули низоми миллии буҷет ба воситаи пардохтҳои гумрукию андоз ва пулию қарзӣ, рушди соҳаҳои воқеии иқтисодиёт ва таъмини бехатарии он аз ҷониби мақомоти салоҳиятдор ва дигар самтҳои афзалиятноки кишвар тадбирҳои самарабахш андешида шуда, амалӣ гардиданд. Сарфи назар аз муваффақияте, ки дар бисёр самтҳои рушди иқтисод ба даст омаданд, масъалаи такмил ва рушди мақомоти гумрук бо дарназардошти талаботи замони муосир дар шароити ҷаҳонишавӣ ниҳоят муҳим ва мубрам боқӣ мемонад.
Аз ин хотир дар шароити имрӯзаи зудтағйирёбандаи ҷаҳон ва вазъи геополитикии он барои беҳтар намудани вазъи соҳаҳои иқтисоди миллӣ доир ба истифодаи самараноки захираю иқтидорҳои молиявӣ, истеҳсолӣ ва тиббии кишвар, пешбурди сиёсати самараноки молия ва қарз риояи қатъии низоми истифодаи сарфакоронаи маблағҳои буҷетӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, ҳимояи молистеҳсолкунандагони ватанӣ ва тақвияти иқтидорҳои содиротии кишвар дар воҳидҳои сохтории мақомоти гумрук идомаи фаъолияти пурмасъули касбӣ тақозо менамояд.
Дар конфронс олимону мутахассисони донишгоҳу донишкадаҳои кишвар, собиқадорони соҳаи гумрук, кормандони дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук ва воҳидҳои сохторӣ доир ба дастовардҳои рушди мақомоти гумрук дар зарфи солҳои Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ, аз ҷумла рушди хизматрасониҳои электронии гумрукӣ дар шароити иқтисодиёти рақамӣ, системаи иттилоотии автоматонидашудаи ягона (СИАЯ) ва «Равзанаи ягонаи» мақомоти гумрук, ҳамчунин фаъолияти муосири гумрукӣ, нақши мақомоти гумрук дар таъмини қисми даромади буҷети давлатӣ, сиёсати тарифии гумрукӣ ва нақши имтиёзҳои он дар рушди истеҳсоли дохилӣ, мукаммалсозии назорати гумрукӣ ва содагардонии расмиёти гумрукию савдо маърӯза намуданд.
АКСҲО: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ









Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 маротиба зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад
МАНФИАТ ВА ХАВФҲОИ ИСТИФОДАИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Мулоҳизаҳои профессор Сайфиддин Давлатзода дар ин мавзуъ






