Доир ба лоиҳаи «Гарданбанди гаронбаҳои Иттиҳод» ҷаласа доир шуд
ДУШАНБЕ, 27.01.2022. /АМИТ «Ховар»/. 26 январ вохӯрии маҷозии гурӯҳи кории кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шакли видеоконференсия баргузор гардид, ки ҳадафи он омода намудани хатсайрҳои сайёҳии таърихию фарҳангии кишварҳои узви ИДМ мебошад, хабар доданд аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».
Дар ҷараёни мулоқот аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ Шабнам Шарифова, ҳамоҳангсози миллӣ оид ба масъалаҳои фарҳанги моддӣ дар ЮНЕСКО ва ИСЕСКО Мирзошариф Абдусаломов, иҷрокунандаи вазифаи сардори шуъбаи илм ва муассисаҳои таълимии Вазорат Темурмалик Камолов иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар мулоқот таҳти унвони «Гарданбанди гаронбаҳои Иттиҳод» лоиҳаи байналмилалӣ пешниҳод гардида, ҷиҳати пешбурди лоиҳаи мазкур муҳокима сурат гирифт.
Ҳар кишвари узви ИДМ ба ин лоиҳа хатсайрҳои муштараки таърихию фарҳангии худро пешниҳод карданд.
Дар лоиҳаи мазкур аз Ҷумҳурии Тоҷикистон хатсайрҳои Шоҳроҳи Бузурги Абрешим иборат аз 5 гузаргоҳ (гузаргоҳҳои Зарафшон-Қайроққум, Фарғона-Сирдарё, Ҳисор, Амударё ва Вахон) пешниҳод шуданд.
Ёдовар мешавем, ки ташкил намудани чунин хатсайрҳо дар рушди бештари соҳаи сайёҳӣ, махсусан сайёҳии таърихию фарҳангӣ саҳифаи нав мекушояд.
Ин таҷриба аллакай дар кишварҳои Аврупо роҳандозӣ гардида, то имрӯз ин кишварҳо дар ин самт ба натиҷаҳои назаррас ва рушди бемайлони сайёҳӣ расидаанд.
АКС аз Вазорати фарҳанги ҶТ








Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст






