Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 60 оилаи омӯзгорон ва кормандонро аз пардохти маблағи хобгоҳ озод намуд
ДУШАНБЕ, 11.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 60 оилаи омӯзгорон ва кормандонеро, ки дар хобгоҳи донишгоҳ истиқомат мекунанд, барои як сол аз пардохти маблағи хобгоҳ озод намуд, иттилоъ дод ба АМИТ «Ховар» муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Фарҳод Шарипов.
Ба гуфти ҳамсуҳбати мо, дар хобгоҳи донишгоҳ алҳол беш аз 60 оилаи омӯзгорон ва кормандони донишгоҳ истиқомат доранд, ки маблағи моҳонаи иҷора 360 сомониро ташкил медиҳад.
Иқдоми мазкур дар идомаи тадбирҳо ҷиҳати пайравӣ аз сиёсати иҷтимоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ ғамхорӣ нисбат ба маорифро сармоягузорӣ барои рушди неруи инсонӣ ва ояндаи ободи давлату ватан арзёбӣ намуданд, дар мувофиқа бо Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» бо фармоиши ректори донишгоҳ Маҳмадалӣ Қурбонзода роҳандозӣ гардид.
Ёдовар мешавем, ки соли 2021 Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон омӯзгорон ва 292 нафар донишҷӯёнеро, ки дар хобгоҳи донишгоҳ истиқомат мекунанд, аз пардохти маблағи хобгоҳ барои шашмоҳаи дуюми соли таҳсили 2020-2021 озод намуда буд.
АКС: сомонаи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон








КИТОБ — МУФИДТАРИН ИХТИРОИ БАШАР. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи китоб аст
Сафири Тоҷикистон бо Вазири энергетика ва маъданҳои Салтанати Умон мулоқот намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
БАРОИ АЛОҚА, БАРОИ ОДАМОН, БАРОИ ҶУМҲУРӢ. МегаФон Тоҷикистон дар чоряк асри фаъолият чӣ корҳоро анҷом дод?
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи саноати сабук густариш медиҳанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. Аз Тоҷикистон ба зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон парвозҳо ба роҳ монда шудааст
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1395 нафар занон беш аз 45 миллион сомонӣ грант ҷудо гардид






