Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 60 оилаи омӯзгорон ва кормандонро аз пардохти маблағи хобгоҳ озод намуд

Январь 11, 2022 15:42

ДУШАНБЕ, 11.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 60 оилаи омӯзгорон ва кормандонеро, ки дар хобгоҳи донишгоҳ истиқомат мекунанд, барои як сол аз пардохти маблағи хобгоҳ озод намуд, иттилоъ дод ба АМИТ «Ховар» муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Фарҳод Шарипов.

Ба гуфти ҳамсуҳбати мо, дар хобгоҳи донишгоҳ алҳол беш аз 60 оилаи омӯзгорон ва кормандони донишгоҳ истиқомат доранд, ки маблағи моҳонаи иҷора 360 сомониро ташкил медиҳад.

Иқдоми мазкур дар идомаи тадбирҳо ҷиҳати пайравӣ аз сиёсати иҷтимоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ ғамхорӣ нисбат ба маорифро сармоягузорӣ  барои рушди неруи инсонӣ ва ояндаи ободи давлату ватан арзёбӣ намуданд, дар мувофиқа бо Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» бо фармоиши ректори донишгоҳ Маҳмадалӣ Қурбонзода роҳандозӣ гардид.

Ёдовар мешавем, ки соли 2021 Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон омӯзгорон ва 292 нафар донишҷӯёнеро, ки дар хобгоҳи донишгоҳ истиқомат мекунанд, аз пардохти маблағи хобгоҳ  барои шашмоҳаи дуюми соли таҳсили 2020-2021  озод намуда буд.

АКС: сомонаи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

 

Январь 11, 2022 15:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст