«Донишномаи Донишгоҳи омӯзгорӣ» интишор шуд
ДУШАНБЕ, 03.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Яке аз дастовардҳои муҳимтарини Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар соли 2021 чопи китоби бузургу пурмуҳтаво бо номи «Донишномаи донишгоҳи омӯзгорӣ» буд, хабар доданд аз Донишгоҳи мазкур ба АМИТ «Ховар».
Навиштани донишнома дар таърихи халқи тоҷик маъмул аст ва аз анъанаҳои дерини ниёгонамон мебошад. Дар ин масир хирадмандони тавонманде қаламфарсоӣ кардаанд. Хушбахтона, ин амали муфид имрӯз низ дар мамлакати мо идома дорад ва дар айёми мо, ғолибан, офаридани донишномаҳои соҳавӣ бартарӣ пайдо кардааст.
Мураттибони китоб, устодони донишгоҳ, олимони шинохта Саидмуроди Хоҷазод, Шарифмурод Исрофилниё ва Сахидод Раҳматуллозода дар заминаи далелу арқоми фаровон таърихи ташаккул ва таҳаввули донишгоҳро ба таври васеъ таҳия, тадвин ва мунташир кардаанд.
Донишнома тавсифи талошу заҳмати устодони шарафмандро дар роҳи бунёд ва рушду камоли нахустин мактаби олии ҷумҳурӣ дар бар мегирад. Он ҳамзамон иқдоми хайру солеҳ барои абадӣ гардонидани хотираи омӯзгоронест, ки новобаста ба мушкилиҳои айём дар таълиму тарбияи насли нави шоистаи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳиссаи арзанда гузоштаанду имрӯз дар қайди ҳаёт нестанд.
Донишнома бо тартиби алифбоӣ тарҳрезӣ шуда, бо назардошти саҳми ҳар омӯзгор дар омӯзишу парвариш ва иҷрои корҳои илмию таҳқиқотӣ маводи зарурӣ фароҳам омадааст. Дастандаркорон маводи зиёди пурқиматро ҷамъ оварда, коркард ва мавриди истифода қарор додаанд.
Чеҳраҳои илму адаб, Қаҳрамонҳои Тоҷикистон, ки кору пайкорашон ба соҳаи илму маориф ва донишгоҳи мавриди назар алоқамандӣ дорад ва шахсиятҳои маъруфи ҷодаҳои гуногун, ки ин боргоҳи илму маърифатро хатм карда, аз ҷониби ҷомеа ҳамчун шахсият эътироф шудаанд, ба китоб ворид гардидаанд.
Кӯшиш шудааст, ки донишнома ҳаддал имкон фарогири тамоми ҷанбаҳои донишгоҳ бошад ва шахсияте дар канор намонад. Донишнома фарогири маълумоти муътамад буда, барои доираи васеи хонандагон пешниҳод мегардад.
АКС: Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ








Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид






