Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 26, 2022 15:55

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи вазири кишоварзии
Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Зиёзода С.Р.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам :
1. Зиёзода Сулаймон Ризоӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
26 январи соли 2022
№316

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи раиси шаҳри Гулистони
вилояти Суғд озод намудани Маҷидӣ Б.С.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Маҷидӣ Бахтиёр Саидаҳмадзода бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси шаҳри Гулистони вилояти Суғд озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
26 январи соли 2022
№317

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи раиси шаҳри Бӯстони
вилояти Суғд озод намудани Ҳошимзода Р.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Ҳошимзода Раъно бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси шаҳри Бӯстони вилояти Суғд озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
26 январи соли 2022
№318

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи раиси шаҳри Истиқлоли
вилояти Суғд озод намудани Зоҳидзода Д.А.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Зоҳидзода Даврони Абдуқодир бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
26 январи соли 2022
№319

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи раиси ноҳияи Ашти
вилояти Суғд озод намудани Мирдадо З.М.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Мирдадо Зариф Мирмуҳаммадӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси ноҳияи Ашти вилояти Суғд озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
26 январи соли 2022
№320

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи муовини
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Зиёзода С.Р.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам :

1. Зиёзода Сулаймон Ризоӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
26 январи соли 2022
№321

МАЪЛУМОТНОМА

ЗИЁЗОДА Сулаймон Ризоӣ

аз 26 январи соли 2022 дар вазифаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад

Соли таваллуд 1 январи соли 1962             Ҷои таваллуд   ноҳияи Ғончӣ (ҳозира Деваштич)

Миллат  тоҷик                                              Таҳсилот   олӣ

соли 1983 Донишкадаи аграрии Тоҷикистонро  хатм намудааст

Ихтисос  агроном-олим

Кадом забонҳои хориҷиро медонад   русӣ, ӯзбекӣ

Вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аст ё не   вакили Маҷлиси Ҷамоат

Ба мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не  — соли 1999 «Ифтихорнома»-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 1983-1986

Агрономи калони хоҷагии давлатии «Ленинобод»-и ноҳияи Зафаробод

03-11 соли 1986

Сардори шӯъбаи дуюми хоҷагии давлатии «Ленинобод»-и ноҳияи Зафаробод

Солҳои 1986-1989

Котиби дуюми Кумитаи комсомолии ноҳияи Зафаробод

Солҳои 1989-1992

Котиби якуми Кумитаи комсомолии ноҳияи Зафаробод

Солҳои 1992-1995

Муовини директори хоҷагии давлатии «Ширин»-и ноҳияи Зафаробод

Солҳои 1995-1996

Директори хоҷагии давлатии «Ширин»-и ноҳияи Зафаробод

Солҳои 1996-2002

Раиси кооперативи истеҳсолии «Ширин»-и ноҳияиЗафаробод

Солҳои 2002-2006

Раиси ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии   «Шӯҳрат»-и ноҳияи Зафаробод

Солҳои 2006-2008

Раиси ассотсиатсияи истифодабарандагони оби  ба номи  М.Абдуллоев, ноҳияи Зафаробод

Солҳои 2008-2011

Сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Зафаробод

Солҳои 2011-2014

Раиси Ҷамоати шаҳраки Меҳнатободи ноҳияи Зафаробод

06-09 соли 2014

Сардори шӯъба-муовин оид ба иқтисодиёт ва молияи Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд

Солҳои 2014-2015

Муовини якуми раиси ноҳияи Зафаробод

Солҳои 2015-2016

Муовини раиси вилояти Суғд

Солҳои 2016-2018

Раиси ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд

Солҳои 2018-2019

Муовини якуми раиси вилояти Хатлон

14-28.01 соли 2019

Муовини  раиси вилояти Суғд

Солҳои 2019-2020

И.в. раиси ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд

03-11 соли 2020

Раиси ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд

Солҳои 2020-2022

Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Каримзода С.Ғ.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам :
1. Каримзода Саъди Ғафор вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
26 январи соли 2022
№322

МАЪЛУМОТНОМА

КАРИМЗОДА Саъди Ғафор

аз 26 январи соли 2022 дар вазифаи Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад

Соли таваллуд   12 августи соли 1969         Ҷои таваллуд  шаҳри Душанбе

Миллат   тоҷик                                                    Маълумот       олӣ

соли 1992 Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистонро  хатм кардааст

Ихтисос      агрохимия ва хокшинос, номзади илмҳои биологӣ

Кадом забонҳои хориҷиро медонад       русӣ, англисӣ

Вакили халқ ҳаст ё не   не

Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не  не

Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 1986-1992 Донишҷӯи Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
Солҳои 1988-1989 Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ
Солҳои 1992-1995 Аспиранти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 1995-1998 Ходими хурди илми Институти физиологияи растаниҳо ва генетика
Солҳои 1998-2007 Агрономи   ташкилоти   ғайридавлатии   «Агроаксияи Олмон»  (Deutsche   Welthungerhilfe   e.  V.), шаҳри Душанбе
Солҳои 2007-2011 Ҳамоҳангсози барномаҳои Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA), шаҳри Душанбе
Солҳои 2011-2012 Мушовири байналмилалии Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳа оид ба ҳалли қарзҳои хоҷагиҳои пахтакор ва рушди устувори соҳаи пахтакорӣ», шаҳри Душанбе
Солҳои 2012-2020 Директори Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо»
Солҳои 2020-2022 Муовини якуми Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикисто

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистони
вилояти Суғд таъин намудани Ҳошимзода Р.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Ҳошимзода Раъно иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистони вилояти Суғд таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
26 январи соли 2022
№323

МАЪЛУМОТНОМА

ҲОШИМЗОДА Раъно

аз 26 январи соли 2022 дар вазифаи  иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Гулистони вилояти Суғд кор мекунад

Соли таваллуд  29 октябри соли 1969              Ҷои таваллуд  шаҳри Хуҷанд

Миллат   тоҷик                                                    Маълумот       олӣ

Соли 1991 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм  кардааст

Ихтисос иқтисодчӣ

Унвони илмӣ  номзади илмҳои иқтисод

Кадом забонҳои хориҷиро медонад  русӣ

Вакили халқ ҳаст ё не вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд

Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не —  не

Вазъи  оилави  оиладор

Кор ва фаъолияти  собиқа:

Солҳои  1991-1992

Муаллими кафедраи назарияи иқтисодии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров

Солҳои  1992-2008

Муаллимаи кафедраи фанҳои умумииқтисодии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров

Солҳои 2008-2014

Сармуаллимаи кафедраи муҳосибот ва аудит, ноиб-декани шӯъбаи ғоибонаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров
Солҳои 2014-2015 Ноибдекани шӯъбаи рӯзонаи факултети молия ва иқтисодиёти бозори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров

Солҳои 2015-2017

Декани факултети молия ва баҳисобгирии бухгалтерии Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Солҳои 2017-2018

Муовини раиси шаҳри Хуҷанд

Солҳои 2018-2022

Раиси шаҳри Бӯстони вилояти Суғд

аз  январи соли
2022 то ҳоло

И.в. Раиси шаҳри Гулистони вилояти Суғд

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бӯстони
вилояти Суғд таъин намудани Муинӣ М.М.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Муинӣ Мавсума Муинзода иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бӯстони вилояти Суғд таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
26 январи соли 2022
№324

МАЪЛУМОТНОМА

МУИНӢ Мавсума  Муинзода

аз 26 январи соли 2022 дар вазифаи Иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Бӯстон кор мекунад

Соли таваллуд   8 октябри соли 1981        Ҷои таваллуд   шаҳри Хуҷанд

Миллат   тоҷик                                                 Маълумот    олӣ

соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон,

соли 2019 Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистонро хатм кардааст

Ихтисос      ҳуқуқшинос, иқтисодиёт ва идоракунӣ дар корхонаҳо

Унвони илмӣ     номзади илмҳои таърих

Кадом забонҳои хориҷиро медонад   русӣ, форсии дарӣ, англисӣ

Вакили халқ ҳаст ё не   не

Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не      соли 2015 Медали «Хизмати шоиста»

Вазъи оилавӣ   оиладор, соҳиби ду фарзанд.

Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 1998-2003 Донишҷӯи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, шаҳри Хуҷанд
Солҳои 2016 – 2019 Донишҷӯи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
Солҳои 2007-2011 Аспиранти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров (шӯъбаи ғоибона), шаҳри Хуҷанд;
Солҳои 2003 – 2004 Ассистенти кафедраи ҳуқук ва мурофиаи ҷиноятии факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, шаҳри Хуҷанд;
Солҳои 2004 — 2006 Ассистенти кафедраи ҳуқуки ҷиноятӣ ва криминалистикаи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, шаҳри Хуҷанд;
Солҳои 2006 – 2007 Ассистенти кафедраи ҳукуқи судӣ ва назорати прокурории Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, шаҳри Хуҷанд;
Солҳои 2007 -2009 Омӯзгори кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва криминалистика, сармуаллимаи кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва криминалистикаи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, шаҳри Хуҷанд;
Солҳои 2009-2014 Муовини Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе;
Солҳои 2014 — 2017 Муовини якуми Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
Солҳои 2017-2022 Муовини раиси шаҳри Душанбе

аз январи соли

2022 то имрӯз

иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бӯстони вилоят

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Истиқлоли
вилояти Суғд таъин намудани Маҳмудзода Қ.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Маҳмудзода Қаюмҷон иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
26 январи соли 2022
№325

МАЪЛУМОТНОМА

МАҲМУДЗОДА Қаюмҷон

аз 26 январи соли 2022 дар мансаби иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд кор мекунад

Соли таваллуд   9 июни соли 1965         Ҷои таваллуд шаҳри Хуҷанд

Миллат     тоҷик                                         Таҳсилот  олӣ

соли 1992 Институти политехникии Тоҷикистонро хатм кардааст

Ихтисос     муҳандис-механик

Кадом забонҳои хориҷиро медонад  русӣ

Вакили халқ ҳаст ё не вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бӯстон ва вилояти Суғд

Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не  не

Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 1982-1983

Донишҷӯи Омӯзишгоҳи тезникии №3 ба номи Ю.Гагарин, шаҳри Хуҷанд

Солҳои 1983-1985

Хизмати ҳарбӣ дар сафи Артиши Шӯравӣ, Республикаи халқии Монголия

Солҳои 1986-1992

Донишҷӯи Донишкадаи политехникии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 1993-1997

Ронанда, муҳандис-механик корманди шуъбаи таъминот ва фурӯши молҳои таёри иттиҳодияи истеҳсолии дузандагӣ ба номи Н.К.Крупская, шаҳри Хуҷанд

Солҳои 1997-2009

Иқтисодчии асосӣ, сардори шуъбаи таъминоти молҳои тайёр, ҷонишини директори генралӣ оид ба корҳои тиҷорат, ҷонишини директори генералии иттиҳодияи истеҳсолии «Садаф» оидба корҳои истеҳсолот, директори корхонаи фаръии «Гранд»-и корхонаи воҳиди давлатии «Садаф», ҷонишини директори генералӣ, сармуҳандиси корхонаи воҳиди давлатии «Садаф»

Солҳои 2009-2010

Директори генералии УВД «Садаф», шаҳри Хуҷанд

Солҳои 2010-2013

Директори генералии КВД «Заря Востока»-и шаҳри Истиқлол

Солҳои 2013-2016

Директори генералии КВД «Фулузоти нодири Тоҷикистон», шаҳри Бӯстон
Солҳои 2016-2022 Муовини якуми раиси шаҳри Бӯстони вилояти Суғд

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи раиси ноҳияи Ашти вилояти Суғд
таъин намудани Муҳаммадзода Ш.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Муҳаммадзода Шӯҳрат раиси ноҳияи Ашти вилояти Суғд таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
26 январи соли 2022
№326

МАЪЛУМОТНОМА

МУҲАММАДЗОДА Шӯҳрат

аз 26 январи соли 2022 дар мансаби раиси ноҳияи Ашти вилояти Суғд кор мекунад

Соли таваллуд 30 сентябри соли 1978       Ҷои таваллуд ноҳияи Ашт

Миллат тоҷик                                          Таҳсилот    олӣ

Соли 2014 Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистонро хатм   кардааст

Ихтисос  маркетинг

Унвони илмӣ      надорад

Кадом забонҳои хориҷиро медонад русӣ, ӯзбекӣ

Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд,  вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ашт

Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не   не

Вазъи оилавӣ     оиладор

Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 2003-2009 Раиси хоҷагии деҳқонии «Шӯҳрат»-и ноҳияи Ашт
Аз апрели  соли 2009 то ҳол Директори Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Ширкати сохтмонии Рахшона»-и ноҳияи Ашт
Январь 26, 2022 15:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Президентҳои Тоҷикистон ва Узбекистон бо маҳсулоти корхонаҳои саноатии Ҷумҳурии Узбекистон дар маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе шинос шуданд
АМИТ «Ховар»: Намоишгоҳи маҳсулоти саноатии Ҷумҳурии Узбекистон дар Маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе 3 рӯз идома меёбад
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Узбекистон дар ифтитоҳи бинои нави Сафорати Ҷумҳурии Узбекистон дар шаҳри Душанбе иштирок намуданд
Президентҳои Тоҷикистон ва Узбекистон дар барномаи фарҳангии арбобони санъати ду давлат бо номи «Дӯстии ҷовидон» иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз натиҷаи гуфтушунидҳо бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Ба як гурӯҳ ҳунармандони Тоҷикистон ва Узбекистон мукофотҳои давлатӣ супорида шуданд
Санадҳои имзошуда байни Тоҷикистон ва Узбекистон табодул карда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёевро истиқбол гирифтанд
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон