Хабарнигори АМИТ «Ховар» дар Русия бо мукофоти соҳавии Вазорати меҳнат, муҳочират ва шуғли аҳолӣ қадрдонӣ гардид
ДУШАНБЕ, 25.01.2022. /АМИТ «Ховар»/. Хабарнигори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» дар Федератсияи Русия Садбарг Боқиева бо мукофоти соҳавии «Аълочии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадрдонӣ карда шуд(ДАР АКС).
Мукофоти мазкур имрӯз зимни ҳамоиши расмӣ, ки дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ баргузор шуд, тақдим гардид.
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Ширин Амонзода зикр кард, ки дар даврони 30 соли Истиқлоли давлатӣ ислоҳоти соҳаҳои фаъолияти вазорат гузаронида шудаанд, ки барои рушд ва сифатан беҳтар гардидани заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ, сатҳи зиндагии аҳолӣ, муносибатҳои меҳнатӣ ва дигар хизматрасониҳо муосидат намуд.
Таъкид гардид, ки ҳадафҳои минбаъдаи вазорат ба рушди самтҳои фаъолият равона шуда, аз Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манша мегиранд, ки фароҳам овардани заминаҳои мусоид барои таъмини шуғли пурмаҳсул аз ҷумлаи онҳо буда, айни замон лоиҳаи Консепсияи шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 таҳия гардидааст, ки барномаҳои миёнамуҳлати татбиқи он барои зина ба зина баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ заминаҳои воқеӣ фароҳам меоварад.
Дар ҳамоиш бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои ноил гардидан ба дастовардҳо ва комёбиҳои хизматӣ як гурӯҳ кормандон низ бо мукофотҳои соҳавӣ қадрдонӣ карда шуданд.
АКС: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ








Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг доир мегардад
Дар Тоҷикистон Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ идома доранд
Фарҳанги пурғановати Тоҷикистон дар Туркманистон муаррифӣ мегардад
Имрӯз даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Доир ба дастгирии истеъдодҳои ҷавон дар ИДМ конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ оғоз мегардад
«ДОСТОНИ ХУДШИНОСӢ». Китоби нави Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» оғоз гардид
ЗАБОН–САДОИ ХОТИРАИ МИЛЛАТ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Мутахассисони соҳа бояд, ки истилоҳоти дурусту фаҳмо ва мувофиқ ба мазмуну муҳтавои соҳаҳои гуногунро барои истифода пешниҳод намоянд»






