ИМРӮЗ- РӮЗИ ТАВАЛЛУДИ НЮТОН. Барои чӣ мо бояд дар ин бора донем ва чаро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2020-2040-ро Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф эълон карданд?
ДУШАНБЕ, 4.01.2022. /АМИТ «Ховар»/. Расо 379 сол қабл, 4 январи соли 1643, риёзидон, механик, физик ва ситорашиноси англис Исаак Нютон ба дунё омад. Нютон олими барҷастаи англис аст, ки қонуни ҷозибаи ҷаҳониро кашф карда, узви Ҷамъияти шоҳии Лондон (1627) ва аз соли 1703 президенти он мебошад. Асарҳои ӯ ба механика, оптика, астрономия, математика алоқаманданд. Кори илмии Нютон дар таърихи инкишофи физика нақши бағоят калон бозид. Воҳиди қувва дар системаи байналмилалии воҳидҳо- нютон ба шарафи ӯ номгузорӣ шудааст.
Олими намоёни англис ҳаракати ҷисмҳои осмонӣ — сайёраҳо дар атрофи Офтоб ва Моҳ дар гирди Заминро шарҳ дод. Машҳуртарин кашфиёти ӯ қонуни ҷозиба буд. Ӯ муаллифи се қонуни механика мебошад, ки асоси механикаи классикӣ гардиданд. Таҳияи ҳисобҳои интегралию дифференсиалӣ ва назарияи ранг ба ӯ тааллуқ дорад.
Исаак Нютон бузургтарин ситораи олами илм дониста мешавад. Ӯ дар фанҳои физика ва математика шуҳрат пайдо карда, қонуни кашиш, ҳаракат ва ҳисобро кашф намуд. Ва ин ба ҷуз аз фаъолияти асосӣ.
Дар оилаи деҳқони бесавод ба дунё омада, Нютон асрори Коинотро бо шуури худ дарк карда, яке аз асосгузорони физикаи классикӣ гардид. Ӯ бо хислатҳои махфӣ нигоҳ доштан ва канораҷӯиаш фарқ мекард, ҳамин буд, ки баъзе бозёфтҳояшро барои ҳамзамононаш намоиш дода натавонист.
Чаро мо бояд ҳаёт ва кашфиёти Нютонро донем ва омӯзем? Илм чист? Ва чаро дар кӯдакон шавқу рағбат ба донишҳои нав ва илмро омӯзонидан муҳим аст?
Фаҳмидан зарур аст, ки чаро сайёраҳо дар атрофи Офтоб давр мезананд ва чӣ сабаб шуд, ки онҳо бо суръати гуногун гардиш кунанд; чаро себ аз дарахт меафтад; чӣ (кадом қувва) сайёраҳоро дар мадор нигоҳ медорад; чаро ҳар як ҷисм дар ҳолати номуайян (бе ҳаракат) ё оромӣ мемонад, агар ҷисми дигар ба он таъсир накунад; ҳисобҳои дифференсиалӣ ва интегралӣ чист, маҷмӯи амалҳои математикӣ бо барномаҳои беохир, ки барои ҳисоб кардани мадор ва каҷиҳои сайёраҳо ҳангоми ҳаракат дар фазо истифода мешуданд, чистанд, аз чӣ сабаб ранги сафеде, ки аз Офтоб фурӯзон мегардад, ба ҳамаи рангҳои дигар тобиш мебахшад; чаро падидаи рангинкамон ҳамеша Нютонро мафтун мекард ва ӯ омӯхта, муайян кардааст, ки рангинкамон дар натиҷаи таҷзияи нури сафед ба вуҷуд меояд.
Бояд донист: маҳз Нютон пояҳои илмҳои дақиқ ва табиатшиносиро гузоштааст, офаринандаи илми классикӣ дар ҷаҳон аст.
Ва илм як роҳи бартараф кардани тарс, хурофот, таассуб, афсонаҳо, ихтироъҳо ва оғоз кардани як давраи нави рушд аст. Аз ин рӯ, бисёр одамон кӯшиш мекунанд, ки ба ҷаҳони илмӣ ҳамроҳ шаванд. Одамон мехоҳанд, ки на танҳо чузъи таърих гарданд, балки онро мустақилона ба вуҷуд оваранд, қисми таркибии ҷараёни таълим бошанд. Шахсе, ки ба илм ва комёбиҳои бепоёни он шавқу ҳаваси фаъолона дорад, аз ҷиҳати зеҳнӣ инкишоф ёфта, аз хаёлҳои гуногун озод мегардад.
Вай на танҳо ба худ, балки ба атрофиёнаш ҳам бисёр чизҳоро фаҳмонда метавонад. Ҳатто он чизеро, ки ба илм рабт надорад. Роҳи дониш метавонад хеле ҷолиб ва шавқовар бошад.
Илм навъи махсуси фаъолияти маърифатии инсон буда, барои ба даст овардан, асоснок кардан ва ба низом даровардани донишҳои объективӣ дар бораи ҷаҳон, шахс, ҷомеа ва фаҳмиш нигаронида шудааст, ки шахс дар асоси он воқеиятро дигаргун месозад. Дониш дар ҳама гуна соҳаи фаъолияти инсон эҷод ва истифода мешавад, аммо танҳо дар соҳаи илм истеҳсоли донишҳои нав на танҳо восита, балки ҳадафи асосӣ ва маҳсули асосии меҳнат мебошанд.
Ба ибораи дигар, илм гарави рушди ҳар соҳаи ҳаёти инсон аст.
Ин аст, ки бо фармони Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 31 январи соли 2020 солҳои 2020-2040 Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илм ва маориф эълон гардиданд.
Омӯзиш равандест, ки бояд аз худ карда шавад. Бояд кӯдакону наврасон ва хонандагону донишҷӯёнро ба донишандӯзӣ ва илмомӯзӣ ҷалб намуд. Давоми як соати дарси амалӣ, албатта, шумо наметавонед ба онҳо физикаро пурра фаҳмонед, аммо нишон дода метавонед, ки илм шавқовар аст. Омӯзиш хеле ҷолиб аст ва донистани чизе ҳамеша аз надонистан беҳтар аст.
АКС аз бойгонӣ








Даври ҷумҳуриявии озмуни «Мураббии сол — Тоҷикистон-2026» оғоз гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Муассисаи таълимии №6-и шаҳри Хоруғ ба номи шодравон Алишери Мирзонабот гузошта шавад»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-ро мавриди истифода қарор доданд
Солҳои охир теъдоди муассисаҳои таълимӣ дар Бадахшон ба таври бесобиқа афзоиш ёфтааст
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳру ноҳияҳои Суғд 986 муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Байни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон ва Донишгоҳи технологии Ланҷоу Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
157 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» роҳхат гирифтанд
ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ЗЕҲНИ СУНЪИИ БЕХАТАР ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Доир ба масоили муҳими соҳаи нақлиёт ва инфрасохтори роҳҳо конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Зиёда аз 40 ҳазор нафар ҷавонони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии қариб 50 кишвари ҷаҳон илму дониш ва касбҳои муосир меомӯзанд
Масоили омода намудани мутахассисон дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон баррасӣ шуд






