ИМРӮЗ- РӮЗИ ТАВАЛЛУДИ НЮТОН. Барои чӣ мо бояд дар ин бора донем ва чаро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2020-2040-ро Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф эълон карданд?

Январь 4, 2022 14:28

ДУШАНБЕ, 4.01.2022. /АМИТ «Ховар»/. Расо 379 сол қабл, 4 январи соли 1643, риёзидон, механик, физик ва ситорашиноси англис Исаак Нютон ба дунё омад. Нютон олими барҷастаи англис аст, ки қонуни ҷозибаи ҷаҳониро кашф карда, узви Ҷамъияти шоҳии Лондон (1627) ва аз соли 1703 президенти он мебошад. Асарҳои ӯ ба механика, оптика, астрономия, математика алоқаманданд. Кори илмии Нютон дар таърихи инкишофи физика нақши бағоят калон бозид. Воҳиди қувва дар системаи байналмилалии воҳидҳо- нютон ба шарафи ӯ номгузорӣ шудааст.

Олими намоёни англис ҳаракати ҷисмҳои осмонӣ — сайёраҳо дар атрофи Офтоб ва Моҳ дар гирди  Заминро шарҳ дод. Машҳуртарин кашфиёти ӯ қонуни ҷозиба буд. Ӯ муаллифи се қонуни механика мебошад, ки асоси механикаи классикӣ гардиданд. Таҳияи ҳисобҳои интегралию дифференсиалӣ ва назарияи ранг ба ӯ тааллуқ дорад.

Исаак Нютон бузургтарин ситораи олами илм дониста мешавад. Ӯ дар фанҳои физика ва математика шуҳрат пайдо карда, қонуни кашиш, ҳаракат ва ҳисобро кашф намуд. Ва ин ба ҷуз аз фаъолияти асосӣ.

Дар оилаи деҳқони бесавод  ба дунё омада, Нютон асрори Коинотро бо шуури худ дарк карда, яке аз асосгузорони физикаи классикӣ гардид. Ӯ бо хислатҳои махфӣ нигоҳ доштан  ва канораҷӯиаш фарқ мекард, ҳамин буд,  ки баъзе бозёфтҳояшро  барои  ҳамзамононаш намоиш дода натавонист.

Чаро мо бояд ҳаёт ва кашфиёти Нютонро донем ва омӯзем? Илм чист? Ва чаро дар кӯдакон шавқу рағбат ба донишҳои нав ва илмро омӯзонидан  муҳим аст?

Фаҳмидан зарур аст, ки чаро сайёраҳо дар атрофи Офтоб давр мезананд ва чӣ сабаб шуд, ки онҳо бо суръати гуногун гардиш кунанд; чаро себ аз дарахт меафтад; чӣ (кадом қувва) сайёраҳоро дар мадор нигоҳ медорад;  чаро ҳар як ҷисм дар ҳолати номуайян (бе ҳаракат) ё  оромӣ мемонад, агар ҷисми дигар ба он таъсир накунад; ҳисобҳои дифференсиалӣ ва интегралӣ чист, маҷмӯи амалҳои математикӣ бо барномаҳои беохир, ки барои ҳисоб кардани мадор ва каҷиҳои сайёраҳо ҳангоми ҳаракат дар фазо истифода мешуданд, чистанд, аз чӣ сабаб ранги сафеде, ки аз Офтоб фурӯзон мегардад, ба ҳамаи рангҳои дигар тобиш мебахшад; чаро падидаи рангинкамон ҳамеша Нютонро мафтун мекард ва ӯ омӯхта, муайян кардааст, ки рангинкамон дар натиҷаи таҷзияи нури сафед ба вуҷуд меояд.

Бояд донист: маҳз Нютон пояҳои илмҳои дақиқ ва табиатшиносиро гузоштааст, офаринандаи илми классикӣ дар ҷаҳон аст.

Ва илм як роҳи бартараф кардани тарс, хурофот, таассуб, афсонаҳо, ихтироъҳо ва оғоз кардани як давраи нави рушд аст. Аз ин рӯ, бисёр одамон кӯшиш мекунанд, ки ба ҷаҳони илмӣ ҳамроҳ шаванд. Одамон мехоҳанд, ки на танҳо чузъи таърих гарданд, балки онро мустақилона ба вуҷуд оваранд, қисми таркибии ҷараёни таълим бошанд. Шахсе, ки ба илм ва комёбиҳои бепоёни он шавқу ҳаваси фаъолона дорад, аз ҷиҳати зеҳнӣ инкишоф ёфта, аз хаёлҳои гуногун озод мегардад.

Вай на танҳо ба худ, балки ба атрофиёнаш ҳам бисёр чизҳоро фаҳмонда метавонад. Ҳатто он чизеро, ки ба илм рабт надорад. Роҳи дониш метавонад хеле ҷолиб ва шавқовар бошад.

Илм навъи махсуси фаъолияти маърифатии инсон буда, барои ба даст овардан, асоснок кардан ва ба низом даровардани донишҳои объективӣ дар бораи ҷаҳон, шахс, ҷомеа ва фаҳмиш нигаронида шудааст, ки шахс дар асоси он воқеиятро дигаргун месозад. Дониш дар ҳама гуна соҳаи фаъолияти инсон эҷод ва истифода мешавад, аммо танҳо дар соҳаи илм истеҳсоли донишҳои нав на танҳо восита, балки ҳадафи асосӣ ва маҳсули асосии меҳнат мебошанд.

Ба ибораи дигар, илм гарави рушди ҳар соҳаи ҳаёти инсон аст.

Ин аст, ки бо фармони Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 31 январи соли 2020 солҳои 2020-2040 Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илм ва маориф эълон гардиданд.

Омӯзиш равандест, ки бояд аз худ карда шавад. Бояд кӯдакону наврасон ва хонандагону донишҷӯёнро ба донишандӯзӣ ва илмомӯзӣ ҷалб намуд. Давоми як соати дарси амалӣ, албатта, шумо наметавонед ба онҳо физикаро пурра фаҳмонед, аммо нишон дода метавонед, ки илм шавқовар аст. Омӯзиш хеле ҷолиб аст ва донистани чизе ҳамеша аз надонистан беҳтар аст.

АКС аз бойгонӣ

Январь 4, 2022 14:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Норак раванди иҷрои Барномаи ғизои мактабӣ дар вилояти Хатлон баррасӣ шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бо намояндагони донишгоҳҳои Русия омоданамоии мутахассисони соҳа баррасӣ шуд
«Тоҷикистон ва Чин: дар масири шарикии стратегӣ». Таҳти чунин унвон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ба шарафи Рӯзи илми тоҷик қадршиносии ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ доир гардид
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар конференсияи илмӣ-амалӣ гузаронида шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар вилояти Хатлон 1303 синфхона бунёд мешавад
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон масъалаи омода намудани мутахассисон дар самти технологияҳои иттилоотӣ баррасӣ шуд
ҲАФТАИ ИЛМ. Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалӣ оғоз гардид
Хонандагони тоҷик дар озмуни байналмилалӣ соҳиби 4 медали тилло, 3 нуқра ва 4 биринҷӣ гардиданд
Илму маориф дар пешрафти иқтисодию иҷтимоии давлати ҳуқуқбунёд ҷойгоҳи хосса дорад
Донишҷӯёни тоҷик дар олимпиадаи информатика байни 70 муассисаи олии ҷаҳон сазовори ҷойҳои намоён гардиданд
Ҳамкории Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо муассисаҳои олии Узбекистон густариш меёбад