«ИН ҒАЛАБА БАРОИ ВАТАНАМ!». Бори аввал варзишгари тоҷик дар риштаи муҳорибаи омехта чемпиони ҷаҳон гардид
ДУШАНБЕ, 31.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Размикори тоҷик Асадбек Маннонов дар риштаи муҳорибаи омехта (ММА) байни калонсолон ва наврасон дар вазни +120 кг қаҳрамони ҷаҳон гардид.
Маннонов дар даври нимниҳоӣ бар Дмитрий Бабаеви рус ва дар бозии ниҳоӣ бар Микита Тсибуляи украинӣ пирӯз шуд.
Варзишгар яке аз набардҳои ҷолибтарин нишон дода, аввалин чемпиони ҷаҳонии Федератсияи байналмилалии муҳорибаҳои омехта (IMMAF) аз Тоҷикистон гардид.
Маннонов зикр кард, ки барои ӯ ин дастоварди баландтарин аст. Ба гуфтаи ӯ, тоҷикони дигар низ, ки дар ин мусобиқа ширкат доштанд, натиҷаҳои хуб нишон доданд.
«Ин ғалаба барои Ватанам, оилаам ва ман аст!», — таъкид кард варзишгар.
Ҳамчунин дар ин мусобиқа Беҳрӯз Хуршедзода (70 кг), Қосим Сардоров (77 кг) ва Ҷовидон Маҳмудов (77 кг) соҳиби медалҳои нуқра гардиданд.
Медалҳои биринҷиро Ёқубҷон Сафаров, Муҳаммад Салоҳиддинов ва Бахтиёр Ҳусайнов сазовор гаштанд.
Бояд тазаккур дод, ки ин нахустин иштироки размикорони Тоҷикистон дар Чемпионати ҷаҳон оид ба риштаи муҳорибаи омехта мебошад.
Чемпионати ҷаҳон, ки таҳти сарпарастии Федератсияи байналмилалии муҳорибаҳои омехта (IMMAF) баргузор шуд, аз 24 то 29 январ дар аренаи Ҷиу-Ҷитсуи шаҳри Абу-Забӣ баргузор шуд. Дар чемпионат 500 нафар варзишгарон аз 60 кишвари ҷаҳон маҳорати худро нишон доданд.









Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад






