IRS: Ҳаракати воситаҳои нақлиёти сабукрав аз ду самт — Душанбе-Хуҷанд ва Хуҷанд-Душанбе таъмин гардид

Январь 19, 2022 16:50

ДУШАНБЕ, 19.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Чанд лаҳза пеш роҳи мошингарди Душанбе-Чанок аз тармаҳо озод ва ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз ду самт — Душанбе-Хуҷанд ва Хуҷанд-Душанбе ба роҳ монда шуд.  Дар ин бора ба хабарнигори  АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд. 

Роҳбарияти ширкат ба маълумоти ронандагон мерасонанд, ки дар ин мавсим ҳолати техникии воситаҳои нақлиёт, риояи талабот ва меъёрҳои муқарраршудаи бехатарии ҳаракат дар роҳ, аз ҷумла, бо лавозимоти ҳимоявӣ (симтобаи кашолакунӣ, занҷир, болиштаки зиддилағжиш ва ғайра) муҷаҳҳаз будан бояд пайваста дар мадди назарашон бошад.

«Ба шаҳрвандон барои дарки моҳияти муваққатан қатъ гардидани ҳаракати воситаҳои нақлиёт арзи сипос менамоем»,-иброз доштааст роҳбарияти филиали ширкат.

Баробари расидани  иттилоъ оид ба вазъи роҳи мазкур маълумоти иловагӣ пешниҳод мегардад.

АКС: IRS

Январь 19, 2022 16:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст