IRS: Ҳаракати воситаҳои нақлиёти сабукрав аз ду самт — Душанбе-Хуҷанд ва Хуҷанд-Душанбе таъмин гардид
ДУШАНБЕ, 19.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Чанд лаҳза пеш роҳи мошингарди Душанбе-Чанок аз тармаҳо озод ва ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз ду самт — Душанбе-Хуҷанд ва Хуҷанд-Душанбе ба роҳ монда шуд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Роҳбарияти ширкат ба маълумоти ронандагон мерасонанд, ки дар ин мавсим ҳолати техникии воситаҳои нақлиёт, риояи талабот ва меъёрҳои муқарраршудаи бехатарии ҳаракат дар роҳ, аз ҷумла, бо лавозимоти ҳимоявӣ (симтобаи кашолакунӣ, занҷир, болиштаки зиддилағжиш ва ғайра) муҷаҳҳаз будан бояд пайваста дар мадди назарашон бошад.
«Ба шаҳрвандон барои дарки моҳияти муваққатан қатъ гардидани ҳаракати воситаҳои нақлиёт арзи сипос менамоем»,-иброз доштааст роҳбарияти филиали ширкат.
Баробари расидани иттилоъ оид ба вазъи роҳи мазкур маълумоти иловагӣ пешниҳод мегардад.
АКС: IRS








ОГОҲӢ! Аз 21 то 25 май дар Тоҷикистон хатари сар задани сел ва баландшавии сатҳи оби дарёҳо пешгӯӣ карда мешавад
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистону Корея дар соҳаҳои гуногун баррасӣ гардид
МАВСИМИ ОББОЗӢ ФАРО МЕРАСАД. Қоидаҳои шиновариро риоя кунед!
Гиромидошти хотираи неки фарзандони фидокор ва сарсупурдаи миллат ҷузъи сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон аст
«МАН ЧӢ ГӮЯМ ВАСФИ ИН ОЛИҶАНОБ…». Андешае дар ҳошияи ташаббуси наҷиби Пешвои миллат оид ба эҳёи хотираи таърихӣ ва бозгашти хоки рамзии фарзандони бузурги тоҷик ба оғӯши Ватан
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Форуми байналмилалии «Занон ва об» баргузор мешавад
Дар шаҳри Кӯлоб маросими супоридани хок аз қабри Николай Томин ба ҳайати Федератсияи Русия баргузор гардид
Дар Тоҷикистон нахустин маротиба паёмҳои Президенти Тоҷикистон дар шакли китоби алоҳида муназзам гардонида шуданд
Аз зиндагӣ ва корномаи фарзандони номдори миллат — Нусратулло Махсум, Шириншо Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад
Маросими ҷаноза ва дар оромгоҳи Лучоби шаҳри Душанбе гузоштани қисмате аз хоки гӯри шахсиятҳои таърихиву ҷонфидои миллат
Беш аз 21 ҳазор ҷавонон дар баланд бардоштани маърифати санитарии аҳолии Тоҷикистон саҳм мегузоранд






