IRS: Дар наздиктарин фурсат ҳаракати нақлиёт дар роҳи мошингарди Душанбе-Чанок имконпазир мегардад

Январь 17, 2022 10:00

ДУШАНБЕ, 17.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тавре иттилоъ додем, субҳи 16 январ бинобар пуршиддат ва зиёд будани тармафароӣ ҳаракати нақлиёт аз тариқи роҳи мошингарди Душанбе-Чанок (минтақаи Варзоб, километрҳои 48 -73) муваққатан қатъ гардид.

Субҳи имрӯз кормандони филиали ширкат бартарафсозии тармаҳо, тоза намудани роҳ аз барф ва коркарди онро бо маводи зиддилағжиш идома дода, кӯшиш доранд дар наздиктарин фурсат ҳаракати нақлиёт имконпазир гардад. Дар ин бора ба хабарнигори  АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Боздоштани муваққатии ҳаракати нақлиёт дар ин роҳ ба таъмини бехатарии ронандагону мусофирон дахл дошта, ин тасмим дар ҳамоҳангӣ бо Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ гирифта шудааст.

Бинобар ин, аз шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки моҳияти иқдоми мазкурро дарк карда, то бартараф намудани хавфу хатар ва эълони кушодашавии роҳ аз сафар худдорӣ намоянд.

АКС: маркази матбуоти ширкати IRS

Январь 17, 2022 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд