Истеъмоли барзиёди дорувории «Баралгин» сабаби садамаи нақлиётӣ дар бозори «Корвон» гардид
ДУШАНБЕ, 10.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. 8 январ дар кӯчаи Қосимови пойтахт, дар сероҳаи бозори «Корвон» садама ба миён омад, ки дар натиҷа як нафар ба ҳалокат расидааст.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, автобуси тамғаи «АКИА» ба ККВД «Автобус 1» тааллуқ дорад ва ронандаи он Мирдонов Шуҳрат Асатуллоевич, соли таваллудаш 1991, истиқоматкунандаи ноҳияи Варзоб, ки дар хатсайри №18-и шаҳри Душанбе ба мусофиркашонӣ машғул мебошад, ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи Қосимови пойтахт аз тарафи кӯчаи Фирдавсӣ ба самти кӯчаи Н.Қарабоев, дар вақти ворид шудан ба сероҳаи бозори «Корвон» бинобар сабабе, ки пеш аз ҳаракат карданаш доруи «Баралгин»-ро барзиёд истеъмол намудааст, аз таъсири ин доруворӣ аз ҳуш рафта, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили роҳ баромадааст.
Сипас автобус ба мошини тамғаи «Хундай Солярис», таҳти идораи ронанда Лутфуллоев Беҳруз Суҳробович бархӯрда, баъдан ба мошини тамғаи «Опел-Вектра», таҳти идораи ронанда Кулуков Амрулло Давлатович бархӯрда, боз ҳаракаташро давом дода, ба мошини тамғаи «Тойота-Прадо», таҳти идораи ронанда Саидов Раҳим Мирсалимович бархӯрда, боз ҳаракаташ давом ёфта, ба мошини тамғаи «Опел-Астра», таҳти идораи ронанда Исоев Дилшод Давлатмуродович, ки ин мошинҳо ба роҳи худ ҳаракат доштанд, бархӯрдааст. Дар ин вақт мусофири мошини мазкур Ҳасанова Шабнам Негматовна, соли таваллудаш 1995, сокини шаҳри Душанбе, ки дар қисмати пеши мошин дар ҷойи мусофир нишаста буд, аз мошин хоҳиши фаромадан кардааст ва аз сабаби бархӯрди автобус ба ин мошин ҳангоми фаромадан зери чархи тарафи чапи автобуси мазкур монда, пахш мешавад ва мутаассифона, ба ҳалокат мерасад.
Автобуси зикршуда ба мошини тамғаи «Шкода» бархӯрда, баъдан аз ҳаракат боз мондааст.
Дигар иштирокчиёни ҳодисаи мазкур ҷароҳати ҷисмонӣ набардоштаанд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтиш идома дорад.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад






