КҲФ ва МГ: Дар роҳи мошингарди Рашт – Сангвор тарма фаромада, талафот ва хисорот ба қайд гирифта нашудааст
ДУШАНБЕ, 06.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бар асари бориши зиёд 5 январ дар қитъаи аз 2 то 27-ум километри шоҳроҳи Рашт-Сангвор, ки аз минтақаи Лаби Ҷари Сангвор мегузарад, фаромадани тарма ба қайд гирифта шуд, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Барои тоза кардани роҳ 5 воҳиди техникаи хадамоти роҳдории Вазорати нақлиёт ҷалб шудааст. Дар айни замон роҳ тоза карда шуда, ҳаракати нақлиёт барқарор карда шудааст. Бар асари фаромадани тарма талафот ва харобиҳо ба қайд гирифта нашудаанд.
Дар қитъаҳои осебпазири шоҳроҳҳои Душанбе – Хуҷанд ва Душанбе – Хоруғ барои таъмини амнияти аҳолӣ аз ҳисоби наҷотдиҳандагони КҲФ ва МГ ва кормандони БДА посгоҳҳо ташкил карда шудаанд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ хотиррасон мекунад, ки дар пайи гарм шудани ҳаво ва бориши зиёд эҳтимоли фаромадани тарма, резиши сангҳо, резиши барф ва яхбандӣ дар вилоятҳои ВМКБ, қаторкӯҳҳои Ҳисор, инчунин дар шоҳроҳҳои Душанбе-Хуҷанд-Чанок, Душанбе – Рашт – Лахш, Душанбе – Сангвор, Кӯлоб – Дарвоз, Ванҷ – Хоруғ, Хоруғ – Ишкошим, Хоруғ– Мурғоб дар назар аст.
Дар робита ба ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад, ки дар ин рӯзҳо то ҳадди имкон аз сафар ба манотиқи осебпазир ва хатарнок, инчунин ҷамъоварии ҳезум, чаронидани чорво, моҳидорӣ ва шикор худдорӣ намоянд.
АКС: КҲФ ва МГ








ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд






