КИ ҲХДТ дар Хатлон ба кӯдакони имконияташон маҳдуд туҳфаҳои идона тақдим намуд
ДУШАНБЕ, 01.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Соли нави мелодӣ аз ҷониби роҳбарияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон барои кӯдакони дорои имконияти маҳдуди назди Ташкилоти ҷамъиятии “Эҳё ва дастгирӣ”-и вилояти Хатлон дар шаҳри Бохтар базми идона ороста шуда, ба онҳо туҳфаҳои солинавӣ тақдим карда шуданд, хабар доданд аз шуъбаи иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар».
Зимни вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Қиёмиддин Миралиён бо шароити буду боши кӯдакон шинос шуда, изҳор дошт, ки дастгирии қишрҳои ниёзманди ҷомеа ва расонидани кумакҳои инсондӯстона ба мактаб-интернату дигар муассисаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби кумитаи мазкур нишони пайравӣ аз иқдомҳои инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ мегардад.
Дар ҷараёни тақдими туҳфаҳои солинавӣ волидайни кӯдакон аз ташаббусҳои хайрхоҳонаи ҳизбиён изҳори минатдорӣ намуда, баён доштанд, ки чунин ғамхорӣ сабаби хушҳолию рӯҳбаландии кӯдакон ва падару модарони онҳо мегардад.
Тавре масъулони Маркази хизматрасониҳои иҷтимоии Ташкилоти ҷамъиятии “Эҳё ва дастгирӣ”-и вилояти Хатлон изҳор доштанд, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон давоми соли сипаригардида дар ҳама иду ҷашнҳои миллӣ ба тарбиятгирандагони ин марказ кумакҳои хайрхоҳона расонида, ҳамчунин бо ташкилу баргузории озмуну маҳфилҳои гуногун дар болидарӯҳӣ ва ҳамзамон рушди зеҳниву тавонбахшии кӯдакону наврасони имконияташон маҳдуд саҳм мегузорад.
АКСҲО аз Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд






