КИ ҲХДТ дар Хатлон ба кӯдакони имконияташон маҳдуд туҳфаҳои идона тақдим намуд

Январь 1, 2022 08:46

ДУШАНБЕ, 01.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Соли нави мелодӣ аз ҷониби роҳбарияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби  Халқии  Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон барои кӯдакони   дорои имконияти маҳдуди назди Ташкилоти ҷамъиятии “Эҳё ва дастгирӣ”-и вилояти Хатлон дар шаҳри Бохтар базми идона ороста  шуда,  ба  онҳо  туҳфаҳои солинавӣ тақдим карда шуданд,   хабар доданд аз шуъбаи иттилоот ва матбуоти  КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар».

Зимни вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Қиёмиддин Миралиён бо шароити буду боши кӯдакон шинос  шуда, изҳор дошт, ки  дастгирии қишрҳои ниёзманди ҷомеа ва расонидани кумакҳои инсондӯстона ба мактаб-интернату дигар муассисаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби кумитаи мазкур нишони пайравӣ аз иқдомҳои инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ мегардад.

Дар ҷараёни тақдими туҳфаҳои солинавӣ волидайни кӯдакон  аз ташаббусҳои хайрхоҳонаи ҳизбиён изҳори минатдорӣ намуда, баён  доштанд, ки чунин   ғамхорӣ сабаби хушҳолию рӯҳбаландии кӯдакон ва падару модарони  онҳо мегардад.

Тавре масъулони Маркази хизматрасониҳои иҷтимоии Ташкилоти ҷамъиятии “Эҳё ва дастгирӣ”-и вилояти Хатлон изҳор доштанд, Кумитаи  иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон давоми соли сипаригардида дар ҳама иду ҷашнҳои миллӣ ба тарбиятгирандагони ин марказ кумакҳои хайрхоҳона расонида, ҳамчунин бо ташкилу баргузории озмуну маҳфилҳои гуногун дар болидарӯҳӣ ва ҳамзамон рушди зеҳниву тавонбахшии кӯдакону наврасони имконияташон маҳдуд саҳм мегузорад.

АКСҲО аз Кумитаи  иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

Январь 1, 2022 08:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст