Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ба оилаҳои ниёзманди шаҳри Бохтар кумак расонид
ДУШАНБЕ, 02.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар дар рӯзҳои таҷлили Соли нави мелодӣ ба аёдати якчанд оилаи ниёзманди шаҳри Бохтар рафта, барояшон кумакҳои яквақтаинаи хӯрока расониданд, хабар доданд аз шуъбаи иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар».
Яке аз онҳо сокини маҳаллаи Хатлони шаҳри Бохтар Марҳима Камолова мебошад, ки чанд сол боз бо иллати нобиноӣ кунҷи хонаро ихтиёр кардааст. Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Қиёмиддин Миралиён, ҳамунин раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар Неъматулло Иброҳимзода Марҳима Камоловаро аёдат намуда, аз аҳволи зиндагиаш бохабар шуданд.
Марҳима Камолова барои таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ нисбат ба ӯ ва насли калонсоли кишвар изҳори сипос намуда, дар ҳаққи Сарвари давлат ва Тоҷикистони азиз дуои нек намуд.
Оилаи Ғиёсовҳо низ, ки дар маҳаллаи Қазоқони шаҳри Бохтар зиндагӣ мекунад дар ин рӯз аз кумаки масъулини Кумитаи иҷроияи ҳизби вилоят бархӯрдор шуданд. Мўйяссар Ғиёсова тӯли 10 сол дар Кумиаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар фаъолият кардааст ва имрӯз бознишаста шуда, ба тарбияи набераҳо машғул мебошад.
Қиёмиддин Миралиён зимни суҳбат бо аъзои ин оилаҳо, аз ҷумла иброз дошт, ки аз пойдории ваҳдату истиқлоли давлатӣ бояд ҳар лаҳза шукр гӯем, зеро ин ду неъмат на ба ҳама мардуми дунё фароҳам аст.
«Ҳеҷ гоҳ худро танҳо эҳсос накунед, зеро вазъи рӯзгори ашхоси калонсол ва ниёзманд, доимо таҳти таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат, хусусан Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Мо низ кӯшиш мекунем, ки пайваста аз аҳволатон бохабар бошем ва то қадри имкон дар таъмини эҳтиёҷотатон кумак намоем» — изҳор дошт раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Қиёмиддин Миралиён.
АКС аз Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон








Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






