Мишел Тарран: Соли 2021 дар равобити Тоҷикистон ва Фаронса соли муваффақ буд

Январь 28, 2022 15:14

ДУШАНБЕ, 28.01.2022/АМИТ «Ховар»/. Моҳи марти соли равон аз барқарории муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса 30 сол сипарӣ мегардад,-чунин изҳор дошт 27 январ дар ҷараёни нишасти матбуотӣ ба намояндагони расонаҳои хабарӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мишел Тарран, ки дар Душанбе доир  гардид.

Дипломати фаронсавӣ аз ҳамкории судманди ду давлат дар зарфи солҳои охир натиҷагирӣ намуда, зикр кард, ки соли гузашта дар муносибатҳои гуногунсоҳаи Тоҷикистон ва Фаронса  соли бобарор ва муваваффақ буд, зеро дар соли сипаригардида, аниқтараш 13 октябри соли 2021  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Фаронса сафарӣ расмӣ анҷом дода, баъд аз маросими истиқболи расмӣ дар назди Қасри Елисей бо роҳбарони баландпояи Фаронса — Президенти Фаронса Эммануэл Макрон, Раиси Сенати Фаронса Жерар Ларше  ва дигар намояндагони воломақоми Фаронса  дидору мулоқот намуда, маҷмӯи васеи  масъалаҳои мубрами тақвияти ҳамкорӣ ва дурнамои бахшҳои ояндадори сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангию гуманитарӣ, татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории муштаракро баррасӣ намуданд.

Хусусан баррасии масоили ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба  дар бахшҳои мухталифи энергетика, металлургия, саноати сабук, мошинсозӣ ва истихроҷи канданиҳои фоиданок, нақлиёти логистикӣ, телекоммуникатсионию электронӣ, кишоварзӣ ва рушди инфрасохтори туризм, фарҳанг,  илму маориф,  тиҷорату сармоягузорӣ дар мулоқоти хоссаи сарони давлатҳо ва музокироти сатҳи олӣ бо иштироки ҳайатҳои расмии ҳар ду кишвар матраҳ гардиданд.

Мишел Тарран соли 2021-ро соли муҳим  ва самарабахш дар равобити Тоҷикистон ва Фаронса  унвон намуда, гуфт, ки дар ин сол дар  ҷараёни  сафари  расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Фаронса  14 октябр Рӯзи фарҳанги Тоҷикистон дар ЮНЕСКО баргузор гардида, 13 октябр дар Осорхонаи миллии санъати Осиёии «Гиме»-и шаҳри Париж намоишгоҳи нигораҳои таърихии Тоҷикистон таҳти унвони «Тоҷикистон — кишвари дарёҳои тиллоӣ»  ифтитоҳ гардид ва муддати се моҳ то 10 январи соли 2022 идома ёфт. Он натиҷаи кори чандинсолаи  бостоншиносон ва муҳофизони осорхонаҳои Фаронса ва Тоҷикистон аст.

Дар маросими ифтитоҳи ин намоиши бузурги фарҳангӣ, ки дар сатҳи баланди касбӣ ва фарҳангӣ ташкил гардида буд, Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Фаронса иштирок намуда, нигораҳои таърихиро, ки бозгӯи таърихи бостонии миллати тоҷиканд,  тамошо карданд.  Президенти Фаронса Эммануэл Макрон гуфта буд, ки «ин намоишгоҳи ҳайратангез дар бораи тамаддуни ҳазорсолаест, ки мо имрӯз онро дар Осорхонаи санъати шарқи Париж мекушоем». Ба зикри ӯ, «ин намоишгоҳ собит месозад, ки Тоҷикистон чорроҳаи воқеии тамаддун маҳсуб мешавад».

Сафири Фаронса дар Тоҷикистон зикр намуд, ки намоишгоҳи нигораҳои таърихӣ дар Осорхонаи «Гиме»-и Париж дар доираи таҳкими робитаҳои фарҳангии ду кишвар  роҳандозӣ гардида, саҳми бузурги сарони давлатҳо дар пайванд сохтани тамаддунҳо ва мардумон арзёбӣ мегардад. Бояд гуфт, ки робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон бо Фаронса бар пояи меъёрҳои байналмилалӣ ва эътирофи  манфиатҳои ҳамдигар асос ёфта, дар ҳоли рушд қарор дорад. Дипломати фаронсавӣ афзуд, ки новобаста аз пандемия  зарфи се моҳ аз ин намоишгоҳ на танҳо шаҳрвандони Фаронса, балки кишварҳои дигари Аврупо боздид намуда, имкон пайдо  карданд, ки бо бозёфтҳои нодири таърихию бостонии  сарзамини Тоҷикистон, давраҳои энеолит ва биринҷии  шаҳраки Саразми бостонӣ шинос шаванд. Намунаҳои пешниҳодшуда ба аврупоиҳо имкон дод, ки дар бораи сарзамини Тоҷикистон, ки саросар кӯҳсор аст, маълумоти бештар гиранд ва дар рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Фаронса саҳми муносиб гузоранд. Ин бузургтарин намоишгоҳи Тоҷикистон буд, ки дар қитъаи Аврупо ба ҷаҳони Ғарб пешкаш гардид, афзуд Мишел Тарран.

Мавриди зикр аст, ки зарфи се моҳ бо мақсади  муаррифии тамаддуни қадимии миллати тоҷик дар Осорхонаи миллии санъати Осиёии «Гиме» қариб 300 ёдгорӣ аз даврони атиқаи халқи тоҷик то замони муосир аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Осорхонаи миллии бостоншиносии Тоҷикистон ба маъраз гузошта шуда, пешниҳоди мардуми Аврупо гардид. Шахсоне, ки аз намоишгоҳ боздид намуданд, Тоҷикистонро ҳамчун кишвари дорои таърихи бостон ва миллати тоҷикро чун мардуми соҳибмаърифату бофарҳанг  ва меҳмоннавоз дарёфтанд.

Ҳамзамон Фаронса зарфи солҳои охир дар татбиқи  якчанд лоиҳаҳои бахши иқтисодии Тоҷикистон саҳми муносиб гузоштааст. Таҷдиди инфрасохтори Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ва бунёди манораи аэронавигатсонии фурудгоҳ, рушди бахши энергетика, хатҳои интиқоли барқ, соҳаи тандурустӣ ва дигар бахшҳо аз ҳамин қабиланд. Сафири Фаронса зикр кард, ки сатҳи равобити иқтисодию тиҷоратӣ моро қаноатманд карда наметавонад. Умед аст, ки бо омодасозии Харитаи роҳ оид ба рушди ҳамкорӣ миёни кишварҳо барои давраи то соли 2026  ҳамкории иқтисодии ду кишвар тақвият меёбанд.

Бо дахли  таҷлили 30-солагии  барқарории равобити дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Фаронса Мишел Тарран гуфт, ки «чанде пеш дар мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Душанбе масъалаҳои мубрами ҳамкории дуҷониба, инчунин нақшаҳои муштарак оид ба таҷлили 30-юмин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Фаронса баррасӣ гардиданд. Интизор меравад, ки моҳи март дар иртибот ба ин санаи таърихӣ дар Душанбе чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ, ташкили консертҳо бо иштироки ҳунармандони фаронсавӣ доир гардида,   нашри китоб, ки дар он мақолаҳои олимони ҳарду кишвар ҷой дода шуда, фарогири масълаҳои марбут ба дастовардҳо ва таҳкими  ҳамкории гуногунсоҳаи Тоҷикистону Фаронса аст, ба роҳ монда мешавад.

Инчунин ба ифтихори 20-солагии фаъолияти Маркази фарҳангии «Бохтар» /Бактрия/ дар Тоҷикистон чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ дар назар дошта шудааст. Ҳамзамон  ният дорем, ки дар оянда дар Душанбе мактаби омӯзиши забони фаронсавӣ таъсис диҳем. Инчунин саъй менамоем, ки дар оянда ҳамкории гуногунсоҳаро байни Тоҷикистон ва Фаронса, хусусан дар бахши илму маориф, фарҳангию гуманитарӣ, аз ҷумла таъмини омӯзгорони забони фаронсавӣ барои мактабҳои Тоҷикистон тавсеа бахшем».

Сафири Фаронса Мишел Тарран дар анҷом ба саволҳои намояндагони расонаҳои хабарӣ, ки фарогири масъалаҳои таҳкими ҳамкории гуногунсоҳаи Тоҷикистону Фаронса  ва авзои сиёсию амниятии минтақа буд, посух гуфт.

                                              Марзия САИДЗОДА,
 АМИТ «Ховар».

 АКСҲО аз Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»

Январь 28, 2022 15:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷонибек Ҳикмат дар чорабинӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии «ҷаҳони бе партов» иштирок намуд
Дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид бахшида ба таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ҳамоиши тантанавӣ доир гашт
Деннис Фрэнсис саҳми Тоҷикистонро дар пешбарии масъалаҳои марбут ба об баланд арзёбӣ намуд
Дар Ню-Йорк аҳаммияти фаъолияти Раванди оби Душанбе баррасӣ гардид
Дар шаҳри Остона ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар Конфронс ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии об иштирок намуд
Тоҷикистон ва Туркия муносибатҳои дуҷонибаро дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва сармоягузорӣ баррасӣ намуданд
Дар шаҳри Москва Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар Ашқобод бошукуҳ таҷлил намуданд
Дар Берлин ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Душанбе фаъолияти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон баррасӣ шуд
Дар Швейтсария либосҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд