Муҳаммади Шарифзода дар Бозиҳои 15-уми делфии ҷавонони кишварҳои узви ИДМ сазовори ҷои якум гардид
ДУШАНБЕ, 13.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Муҳаммади Шарифзода дар номинаи «Санъати сирк»-и жанри эквилибристикаи Бозиҳои 15-уми делфии ҷавонони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил сазовори ҷои якум гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Бозиҳои 15-уми делфии ҷавонони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 7-10 декабри соли 2021 дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия миёни наврасони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил тариқи онлайн баргузор гардид.
Дар он Муҳаммади Шарифзода дар жанри эквилибристика аз Сирки давлатии Тоҷикистон ва муҳассилини Мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявӣ ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ Рустам Қурбонов ва Эҳсон Раҳмхудоев аз рӯи номинаи «Созҳои миллӣ» миёни наврасони аз 14 то 17-сола ширкат варзиданд.
Эҳсон Раҳмхудоев дар сози миллӣ асарҳои композиторони ватанию ҷаҳониро иҷро намуда, сазовори баҳои баданди ҳакамон ва дипломи озмун гардид, ки он дар маросими ботантана аз ҷониби Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода супорида шуд.
Бояд гуфт, ки Бозиҳои делфӣ аз соли 582 пеш аз милод ҳисоб карда шуда, номи пешинааш Пиф буд. Беш аз 1600 сол пеш ин бозиҳо манъ шуда, танҳо аввали асри XX эҳё гардиданд. Аз соли 1927 то 1930 дар Юнон ҷашнвораи делфӣ баргузор шуд. Аммо Ҷанги Дуюми Ҷаҳон сабаб гардид, ки баргузории форуми олии санъат муваққатан қатъ шавад.
Давраи нави Бозиҳои делфӣ соли 2000 оғоз ёфта, бо иштироки 27 давлат дар Русия аввалин Бозиҳои делфии ҷаҳонӣ баргузор гардиданд. Дар он аз рӯи 18 номина 938 нафар ширкат варзида, доварон намояндагони 13 кишвар буданд.
АКС аз Вазорати фарҳанги ҶТ ва манбаъҳои боз










Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид






