Муҳаммади Шарифзода дар Бозиҳои 15-уми делфии ҷавонони кишварҳои узви ИДМ сазовори ҷои якум гардид

Январь 13, 2022 13:09

ДУШАНБЕ, 13.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Муҳаммади Шарифзода дар номинаи «Санъати сирк»-и жанри эквилибристикаи Бозиҳои 15-уми делфии ҷавонони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил сазовори ҷои якум гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Бозиҳои 15-уми делфии ҷавонони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 7-10 декабри соли 2021 дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия миёни наврасони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил тариқи онлайн баргузор гардид.

Дар он Муҳаммади Шарифзода дар жанри эквилибристика аз Сирки давлатии Тоҷикистон ва муҳассилини Мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявӣ ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ Рустам Қурбонов ва Эҳсон Раҳмхудоев аз рӯи номинаи «Созҳои миллӣ» миёни наврасони аз 14 то 17-сола ширкат варзиданд.

Эҳсон Раҳмхудоев дар сози миллӣ асарҳои композиторони ватанию ҷаҳониро иҷро намуда, сазовори баҳои баданди ҳакамон ва дипломи озмун гардид, ки он дар маросими ботантана аз ҷониби Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода супорида шуд.

Бояд гуфт, ки  Бозиҳои делфӣ аз соли 582 пеш аз милод ҳисоб карда шуда, номи пешинааш  Пиф буд. Беш аз 1600 сол пеш ин бозиҳо манъ шуда, танҳо аввали асри XX эҳё гардиданд. Аз соли 1927 то 1930 дар Юнон ҷашнвораи делфӣ баргузор шуд. Аммо Ҷанги Дуюми Ҷаҳон сабаб гардид, ки баргузории форуми олии санъат муваққатан қатъ шавад.

Давраи нави Бозиҳои делфӣ соли 2000 оғоз ёфта, бо иштироки 27 давлат дар Русия аввалин Бозиҳои делфии ҷаҳонӣ баргузор гардиданд. Дар он аз рӯи 18 номина 938 нафар ширкат варзида, доварон намояндагони 13 кишвар буданд.

АКС аз Вазорати фарҳанги ҶТ ва манбаъҳои боз

Январь 13, 2022 13:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Филми ҳунарии «Моҳӣ дар шаст» дар кинофестивали 48-уми байналмилалии Москва намоиш дода шуд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамоиш баргузор гардид
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Дар Кӯлоб даври шаҳрии фестивал-озмун баргузор гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗ ВА НИГОҲДОРИИ ЁДГОРИҲО ВА ҶОЙҲОИ ТАЪРИХӢ. Қалъаи Ҳисор таърихи зиёда аз 3000-сола дорад
ТАЪРИХИ ВАТАНРО МЕОМӮЗЕМ! Имрӯз дар мавзеъҳои таърихии мамлакат Рӯзи дарҳои боз гузаронида мешавад
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир гардид
«РАҚС МОРО МУТТАҲИД МЕНАМОЯД». Таҳти чунин унвон дар Тоҷикистон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
Дар ноҳияи Айнӣ бахшида ба зодрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ ҳамоиши илмӣ-адабӣ баргузор гардид
ИМРӮЗ — ЗОДРӮЗИ САДРИДДИН АЙНӢ. Осори Устод Айнӣ ҳамчун сарчашмаи муҳими илмӣ ва фарҳангӣ истифода мешавад
АЙНИШИНОСЕ ПУРТАЛОШ АЗ КИШВАРИ ҲАМЗАБОН. Эҳдо ба зодрӯзи сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ
ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ ВА ИННОВАТСИЯ. Дар самти рақамикунонии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамоиш доир шуд
«ДИДОР». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ намоиши мусаввараҳои нодир ифтитоҳ ёфт