Муҳлати фаъолияти Роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ба анҷом расид

Январь 27, 2022 08:15

ДУШАНБЕ, 27.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. 26 январ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Роҳбари Дафтари барномаҳои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар Душанбе Валериу Киверро бино ба анҷом ёфтани фаъолият дар Тоҷикистон ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

«Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо инчунин масъалаҳои рушди муносибатҳои Тоҷикистон ва САҲА-ро дар чаҳорчӯби се ченаки ҳамкорӣ – низомӣ-сиёсӣ, иқтисодӣ-муҳитизистӣ ва инсонӣ мавриди баррасӣ қарор доданд»,- иброз доштанд дар ВКХ Тоҷикистон.

Ёдовар мешавем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи феврали соли 1992 Санади хотимавии Хелсинкиро имзо намуд. Ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) аз соли 1994 оғоз ёфт.

Намояндагии САҲА дар Тоҷикистон 17 феврали соли 1994 ифтитоҳ гардид. Қарор оид ба таъсиси Миссияи САҲА дар Тоҷикистон ҳанӯз 1 декабри соли 1993 зимни вохӯрии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии САҲА дар Рим қабул гардида буд.

Тибқи қарори Шӯрои доимии САҲА аз 19 июни соли 2008 Маркази САҲА ба Дафтари САҲА дар Тоҷикистон тағйири ном кард.

Дафтари САҲА дар ҳошияи Ёддошти тафоҳум бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси се ченаки муайяншуда: ҳарбӣ-сиёсӣ, иқтисодиву экологӣ ва инсонӣ лоиҳаҳои гуногун амалӣ мекунад.

1 июни соли 2017 Шӯрои доимии САҲА бо қарор таҳти №1251 бо иттифоқи оро аз ҷониби кишварҳои иштирокчии Созмон мандати нави Дафтарро қабул намуд. Тибқи он Дафтари САҲА дар Тоҷикистон ба Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе табдил ёфт.

Дар чаҳорчӯби сиғаи нави ҳамкорӣ Платформаи шарикӣ байни САҲА ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, 11 апрели соли 2018 нахустин вохӯрии он ҷиҳати таҳияи равишҳои консептуалӣ дар рушди барномаҳои мавҷуда бо нуқтаи назар барои соли 2019 ва пас аз он баргузор гардид.

Айни ҳол ҳамкорӣ бо САҲА бо назардошти дурнамои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо созмонҳои байналмилалӣ ва афзалияти кишвар дар ченакҳои ҳарбӣ-сиёсӣ, иқтисодӣ-экологӣ ва инсонӣ, бахусус дар самтҳои ислоҳоти милитсия, пешгирии коррупсия, мубориза бар зидди терроризм, ифротгароӣ, зӯроварӣ дар оила, масъалаҳои гендерӣ, ҳуқуқи инсон, масъалаҳои сарҳадӣ, поксозии башардӯстонаи минаҳо ва иқтисодию экологӣ дар сатҳи зарурӣ қарор дорад.

Шурӯъ аз 11 майи соли 2019 сафир Валериу Кивер (шаҳрванди Молдова) ба ҳайси Роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе фаъолият мекард.

АКС: ВКХ ҶТ

Январь 27, 2022 08:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Брест ҷаласаи 19-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус баргузор гардид
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон нусхаи эътимодномаи сафири нави Кувайтро қабул намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ шуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Фаронса дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид дар соҳаи иртибототи глобалӣ баррасӣ гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Чин, Қирғизистон ва Покистон баррасӣ шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти Шурои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд
Масири дӯстӣ: Марҳилаи нави таърихӣ дар муносибатҳои Тоҷикистон ва Муғулистон
Сафири Тоҷикистон бо намояндагони Котиботи давлатии ИМА мулоқот намуд
САФАРИ ТАЪРИХӢ БА ҚАЛБИ ОСИЁ. Ва ё чаро Муғулистон барои Тоҷикистон муҳим аст?
Дар Москва қатъномаи СММ оид ба «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» муаррифӣ шуд
Дар Масқат масъалаи рушди ҳамкории Тоҷикистону Умон дар соҳаи тандурустӣ баррасӣ шуд