Муассисаҳои тиббии Тоҷикистон барои гузаштан ба системаи электронӣ бо таҷҳизоти компютерӣ муҷаҳҳаз шуданд
ДУШАНБЕ, 26.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади муҷаҳҳаз гардонидани заминаи моддию техникии муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмӯи таҷҳизоти компютерӣ барои татбиқи маблағгузории сарикасӣ, аз ҷумла 70 адад ноутбук, 2 адад компютер (моноблок), 67 адад принтер, 65 модем ва 1 адад дастгоҳи нусхабардорӣ харидорӣ шуда, ба дастгоҳи марказии вазорат, раёсатҳои тандурустии шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғд, Хатлон ва ВМКБ, муассисаҳои кумаки аввалини тиббию санитарии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар дастрас шуданд, хабар доданд аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба АМИТ «Ховар».
Ин номгӯй таҷҳизот ба беҳтар гардонидани сифати хизматрасонӣ ва сари вақт ҷорӣ намудани механизми маблағгузории сарикасӣ дар ҷумҳурӣ мусоидат мекунад.
Ин иқдом дар доираи татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъалаҳои ҷорӣ намудани маблағгузории сарикасӣ дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ» амалӣ гардида, имкон медиҳад муассисаҳои тиббии кишвар ҳарчӣ бештар аз системаи ҳисоботии коғазӣ, ки вақту қувваи бештари кориро талаб мекунад, канорагирӣ намуда, ба системаи электронӣ ворид гарданд.
Дар доираи чорабиниҳо оид ба таҷдиду рушди соҳаи тандурустӣ татбиқи механизми ворид намудани маблағгузории сарикасӣ дар ҷумҳурӣ яке аз ҳадафҳои асосӣ ба шумор меравад. Лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ» дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ дастгирӣ меёбад, дар ин самт корҳои назаррасе ба анҷом расонидааст.
АКСҲО: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ








ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид






