Низоми бераводиди яктарафаи Тоҷикистон ба доираҳои алоқаманди Арабистони Саудӣ муаррифӣ гардид
ДУШАНБЕ, 04.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Риёз нишасти матбуотии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар робита ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҷорӣ намудани низоми бераводиди яктарафа нисбат ба баъзе давлатҳои хориҷӣ, аз ҷумла Подшоҳии Арабистони Саудӣ, ки аз 1 январи соли 2022 мавриди амал қарор гирифт, баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар нишасти матбуотӣ намояндагони воситаҳои ахбори омма, доираҳои алоқаманд ба сайёҳӣ ва сармоягузорӣ ва фаъолони шабакаҳои иҷтимоии кишвари иқомат иштирок карданд.
«Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ зимни ин нишаст дар мавриди тафсилоти ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҷорӣ намудани низоми бераводиди яктарафа барои шаҳрвандони баъзе кишварҳо, аз ҷумла Арабистони Саудӣ сухан гуфт ва ба аҳамияти ин иқдоми саривақтӣ барои таҳкими беш аз пеши робитаҳои ҳамкории Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ, махсусан дар самтҳои сайёҳӣ, тиҷорат ва сармоягузорӣ таъкид намуд», — зикр шудааст дар хабари ВКХ Тоҷикистон.
Дар ҷараёни нишаст наворҳои инъикоскунандаи табиати зебо, имконияти сайёҳӣ ва фазои сармоягузории Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуданд.
Дар ҳошияи нишасти матбуотӣ намоиши аксҳо таҳти унвони «Тоҷикистон – кишвари сайёҳии умедбахш» танзим гардид.
Ёдовар мешавем, ки шурӯъ аз 1 январи соли 2022 барои шаҳрвандони 52 кишвари ҷаҳон барои ворид шудан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми бидуни раводид ҷорӣ карда мешавад.
Муайян карда шудааст, ки муҳлати будубоши шаҳрвандони кишварҳои номбурда дар ҳудуди Тоҷикистон 30 рӯз муқаррар шудааст. Дар айни ҳол тибқи қарори дигари қабулнамудаи Ҳукумати кишвар, шаҳрвандони боз 14 кишвар ба рӯйхати давлатҳои хориҷие, ки шаҳрвандонашон ҳуқуқи гирифтани раводид бо тартиби содакарда доранд, дохил карда шуданд. Ҳоло шумораи ин гуна давлатҳо ба 112 мерасад.
Ба қаламрави Тоҷикистон бидуни барасмиятдарории раводид шаҳрвандони кишварҳои зерин метавонанд ворид шаванд: Австралия, АМА, Люксембург, Бруней, Кувайт, Қатар, Зеландияи Нав, ИМА, Исландия, Канада, Швейтсария, Малайзия, Маҷористон, Австрия, Аргентина, Олмон, Доминикан, Индонезия, Италия, Кореяи ҷанубӣ, Куба, Латвия, Литва, Малдив, Полша, Португалия, Сингапур, Туркия, Филиппин, Финляндия, Фаронса, Хорватия, Чехия, Чили, Шри-Ланка, Эквадор, Эстония, Юнон, Лихтенштейн, Монако, Арабистони Саудӣ, Баҳрайн, Белгия, Дания, Испания, Нидерландия, Норвегия, Таиланд, Урдун, Шветсия, Ямайка, Ҷопон.
Ба хориҷиён воридшавӣ ба ҷумҳурӣ бидуни доштани ҳуҷҷати болозикр танҳо ба як шарт имконпазир аст. Онҳо метавонанд дар ҳудуди Тоҷикистон танҳо як моҳ- 30 рӯз бошанд.
Пас аз муҳлати нишондодашуда онҳоро мебояд раводид бигиранд. Шаҳрвандони 14 кишваре, ки раводидро дар шакли содакарда имкони дастрас намудан доранд, инҳоянд: Камбоҷа, Бутан, Гондурас, Кабо-Верде, Никарагуа, Гана, Камерун, Бенин, Танзания, Кения, Лаос, Конго, Бангладеш, Буркина-Фасо.
АКС: ВКХ ҶТ








Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд
Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД. Тоҷикистон дар 34 соли ҳамкорӣ ташаббусҳои муҳимро ба манфиати кишварҳои минтақа ва ҷаҳон амалӣ намудааст






