Низоми бераводиди яктарафаи Тоҷикистон ба доираҳои алоқаманди Арабистони Саудӣ муаррифӣ гардид

Январь 4, 2022 15:58

ДУШАНБЕ, 04.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Риёз нишасти матбуотии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар робита ба Қарори  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҷорӣ намудани  низоми бераводиди яктарафа нисбат ба баъзе давлатҳои хориҷӣ, аз ҷумла Подшоҳии Арабистони Саудӣ, ки  аз 1 январи соли 2022 мавриди амал қарор гирифт,  баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар нишасти матбуотӣ намояндагони воситаҳои ахбори омма, доираҳои алоқаманд ба сайёҳӣ ва сармоягузорӣ ва фаъолони шабакаҳои иҷтимоии кишвари иқомат иштирок карданд.

«Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ зимни ин нишаст дар мавриди тафсилоти ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҷорӣ намудани  низоми бераводиди яктарафа барои шаҳрвандони баъзе кишварҳо, аз ҷумла Арабистони Саудӣ сухан гуфт ва ба аҳамияти ин иқдоми саривақтӣ барои таҳкими беш аз пеши робитаҳои ҳамкории Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ, махсусан дар самтҳои сайёҳӣ, тиҷорат ва сармоягузорӣ таъкид намуд», — зикр шудааст дар хабари ВКХ Тоҷикистон.

Дар ҷараёни нишаст наворҳои инъикоскунандаи табиати зебо, имконияти сайёҳӣ ва фазои сармоягузории Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуданд.

Дар ҳошияи нишасти матбуотӣ намоиши аксҳо таҳти унвони «Тоҷикистон – кишвари сайёҳии умедбахш» танзим гардид.

Ёдовар мешавем, ки шурӯъ аз 1 январи соли 2022 барои шаҳрвандони 52 кишвари ҷаҳон барои ворид шудан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми бидуни раводид ҷорӣ карда мешавад.

Муайян карда шудааст, ки муҳлати будубоши шаҳрвандони кишварҳои номбурда дар ҳудуди Тоҷикистон 30 рӯз муқаррар шудааст. Дар айни ҳол тибқи қарори дигари қабулнамудаи Ҳукумати кишвар,  шаҳрвандони боз 14 кишвар ба рӯйхати давлатҳои хориҷие, ки шаҳрвандонашон ҳуқуқи гирифтани раводид бо тартиби содакарда доранд, дохил карда шуданд. Ҳоло шумораи ин гуна давлатҳо ба 112 мерасад.

Ба қаламрави Тоҷикистон бидуни барасмиятдарории раводид шаҳрвандони кишварҳои зерин метавонанд ворид шаванд:  Австралия,  АМА, Люксембург, Бруней, Кувайт, Қатар, Зеландияи Нав, ИМА, Исландия, Канада, Швейтсария, Малайзия, Маҷористон, Австрия, Аргентина, Олмон, Доминикан, Индонезия, Италия, Кореяи ҷанубӣ, Куба, Латвия, Литва, Малдив, Полша, Португалия, Сингапур, Туркия, Филиппин, Финляндия, Фаронса, Хорватия, Чехия, Чили, Шри-Ланка, Эквадор, Эстония, Юнон, Лихтенштейн, Монако, Арабистони Саудӣ, Баҳрайн, Белгия, Дания, Испания, Нидерландия, Норвегия, Таиланд, Урдун, Шветсия, Ямайка, Ҷопон.

Ба хориҷиён воридшавӣ ба ҷумҳурӣ бидуни доштани ҳуҷҷати болозикр танҳо ба як шарт имконпазир аст. Онҳо метавонанд дар ҳудуди Тоҷикистон танҳо як моҳ- 30 рӯз бошанд.

Пас аз муҳлати нишондодашуда онҳоро мебояд раводид бигиранд. Шаҳрвандони 14 кишваре, ки раводидро дар шакли содакарда имкони дастрас намудан доранд, инҳоянд: Камбоҷа, Бутан, Гондурас, Кабо-Верде, Никарагуа, Гана, Камерун, Бенин, Танзания, Кения, Лаос, Конго, Бангладеш,  Буркина-Фасо.

АКС: ВКХ ҶТ

Январь 4, 2022 15:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Иқтидори бузурги гидроэнергетикии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Вена оид ба энергетика ва иқлим муаррифӣ гардид
Консули генералии Тоҷикистон бо Губернатори вилояти Калининград мулоқот намуд
Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ дар Минск муаррифӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо раиси шаҳри Брюссел мулоқот намуд
Ҳамкории гуногунҷанбаи мутақобили судманди Тоҷикистону Ҷумҳурии Корея баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Таалатбек Масадиқов мулоқот намуд
Дар Сеул мулоқоти масъулони Саммити «Осиёи Марказӣ– Ҷумҳурии Корея» баргузор гардид
Намояндаи Тоҷикистон бо мудирони ҳамиҷроияи Комиссияи байналмилалии зидди ҳукми қатл мулоқот намуд
Тоҷикистон аъзои Комиссияи СММ оид ба вазъи занон барои солҳои 2027–2031 интихоб шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд