ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво 8+10 дараҷа гарм мешавад
ДУШАНБЕ, 01.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво рӯзона 8+10 дараҷа гарм мешавад, иттилоъ доданд аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок, дар баъзе ҳолатҳо бориши борон ва барф ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 4-9 дараҷа хунук, рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят шабона 17-22 дараҷа хунук, рӯзона 6-11 дараҷа хунук мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо асосан бебориш дар назар аст. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши борон ва барф ба амал омада, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ (туман) мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм, рӯзона 5+10 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6-11 дараҷа хунук, рӯзона 1+6 дараҷа гарм, дар баъзе ноҳияҳо аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок, дар ноҳияҳои водигӣ дар баъзе ҳолатҳо борон борида, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ бориши борон ва барф ба амал меояд. Дар баъзе ноҳияҳо тормеғ (туман) мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0+5 дараҷа гарм, рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, рӯзона 5+10 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо дар баъзе ҳолатҳо борон борида, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши борон ва барф ба амал омада, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ (туман) мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм, рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2-7 дараҷа хунук, рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрнок, дар баъзе ҳолатҳо борон борида, тормеғ (туман)-и тунук мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 0+2 дараҷа гарм, рӯзона 8+10 дараҷа гарм мешавад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд






