ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ДУШАНБЕ, 24.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво абрноки тағйирёбандаи асосан бебориш шуда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд, иттилоъ доданд аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон ҳаво абрноки асосан бебориш мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 8-13 дараҷа хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 15-20 дараҷа хунук, рӯзона 3-8 дараҷа хунук мешавад. Дар шарқи вилоят шабона 25-30 дараҷа хунук шуда, дар баъзе минтақаҳо то 33-38 дараҷа хунук, рӯзона 8-13 дараҷа хунук, дар баъзе минтақаҳо то 16-21 дараҷа хунук мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ (туман) мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 12-17 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1-6 дараҷа хунук ва рӯзона 3+8 дараҷа гарм шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5-10 дараҷа хунук, рӯзона 3-2 дараҷа хунук мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки асосан бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона ва рӯзона 2-7 дараҷа хунук ва рӯзона 9+14 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрноки тағйирёбанда дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 3-8 дараҷа хунук, рӯзона 7+12 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 14-19 дараҷа хунук, рӯзона 2-3 дараҷа хунук мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво абрноки тағйирёбанда, асосан бебориш мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 5+7 дараҷа хунук ва рӯзона 9+11 дараҷа гарм мешавад.
Агентии обуҳавошиносӣ иттилоъ медиҳад, ки 24 январ дар ноҳияҳои алоҳида фаромадани тормеғ (туман) боқӣ монда, бо сабаби зиёдшавии қабати барф дар баландиҳои зиёда аз 2000 метр аз сатҳи баҳр, дар ноҳияҳои тобеи марказ, дар қисмати шимолии қаторкӯҳҳои Ҳисор, Зарафшон, Туркистон, ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шоҳроҳҳои Душанбе-Чаноқ, Душанбе-Лахш, Душанбе-Рашт, Душанбе-Сангвор, Ш.Шоҳин-Дарвоз, Ванҷ-Хоруғ, Хоруғ-Ишкошим-Мурғоб яхбандӣ ва хавфи фаромадани тарма боқӣ мемонад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






