ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст

Январь 24, 2022 08:09

ДУШАНБЕ, 24.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво абрноки тағйирёбандаи асосан бебориш шуда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд, иттилоъ доданд аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон ҳаво абрноки асосан бебориш мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 8-13 дараҷа хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 15-20 дараҷа хунук, рӯзона 3-8 дараҷа хунук мешавад. Дар шарқи вилоят шабона 25-30 дараҷа хунук шуда, дар баъзе минтақаҳо то 33-38 дараҷа хунук, рӯзона 8-13 дараҷа хунук, дар баъзе минтақаҳо то 16-21 дараҷа хунук мешавад.

Дар вилояти Суғд  ҳавои абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ (туман) мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 12-17 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1-6 дараҷа хунук ва рӯзона 3+8 дараҷа гарм шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5-10 дараҷа хунук, рӯзона 3-2 дараҷа хунук мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои абрноки асосан бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона ва рӯзона 2-7 дараҷа хунук  ва рӯзона 9+14 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ  ҳавои абрноки тағйирёбанда дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 3-8 дараҷа хунук, рӯзона 7+12 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 14-19 дараҷа хунук, рӯзона 2-3 дараҷа хунук мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳаво абрноки тағйирёбанда, асосан бебориш мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 5+7 дараҷа хунук ва рӯзона 9+11 дараҷа гарм мешавад.

Агентии обуҳавошиносӣ иттилоъ медиҳад, ки 24 январ дар ноҳияҳои алоҳида фаромадани тормеғ (туман) боқӣ монда, бо сабаби зиёдшавии қабати барф дар баландиҳои зиёда аз 2000 метр аз сатҳи баҳр,  дар ноҳияҳои тобеи марказ, дар қисмати шимолии қаторкӯҳҳои Ҳисор, Зарафшон, Туркистон, ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шоҳроҳҳои Душанбе-Чаноқ, Душанбе-Лахш, Душанбе-Рашт, Душанбе-Сангвор, Ш.Шоҳин-Дарвоз, Ванҷ-Хоруғ, Хоруғ-Ишкошим-Мурғоб яхбандӣ ва хавфи фаромадани тарма боқӣ мемонад.

Январь 24, 2022 08:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Бо мақсади тақвияти устувории шаҳрҳо ба хавфи офатҳо ва тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ машварат доир гардид
«ТОҶИКИСТОН, БА ПЕШ!». Дар шаҳри Ҳисор ташкилоти ибтидоии нави Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар лагерҳои «Шабдез» ва «Саодат»-и Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 230 нафар хонандагон ба истироҳат фаро гирифта шуданд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокинони биноҳои баландошёнаи шаҳри Норак дар ин самт намунаи ибратанд
Дар Истаравшан корҳои омодагӣ ба соли хониши 2025-2026 вусъат меёбанд
Дар шаҳри Норак 5215 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳатгоҳҳо ҷалб карда мешаванд
Дар Китобхонаи миллӣ барои шахсони имконияташон маҳдуд «Гӯшаи китобҳои гӯё» ташкил гардид
Имрӯз ҳаво дар Душанбе то 41 дараҷа гарм мешавад
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Геологҳои ҷавон» муайян гардиданд
«МегаФон Life»: ҳама имкониятҳои қулай дар зери даст!