ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ДУШАНБЕ, 27.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи асосан бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд, иттилоъ доданд аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон ҳавои камабр, дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 16-21 ва рӯзона 3-8 дараҷа хунук мешавад. Дар шарқи вилоят шабона 26-31 дараҷа хунук шуда, дар баъзе минтақаҳо то 33-38 дараҷа хунук, рӯзона 9-14 дараҷа хунук мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои камабри бебориш дар назар буда, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғи тунук мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 17-22 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 4-1 дараҷа хунук ва рӯзона 6+11 дараҷа гарм шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 12-17 дараҷа хунук, рӯзона 2-3 дараҷа хунук мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри бебориш дар назар буда, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғи тунук мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона ва рӯзона 3-2 дараҷа хунук ва рӯзона 11+16 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрноки тағйирёбанда дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1-6 дараҷа хунук, рӯзона 10+15 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 10-15 дараҷа хунук, рӯзона 1-6 дараҷа хунук мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар буда, тормеғи тунук мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 3-5 дараҷа хунук ва рӯзона 12+14 дараҷа гарм мешавад.
Агентии обуҳавошиносӣ огоҳ мекунад, ки 28-29 январ дар ҷумҳурӣ ҳаво номусоид гардида, боридани борон ва барф пешгӯӣ карда мешавад. Аз 29 то 31 январ дар баъзе ноҳияҳо фаромадани тормеғ дар назар аст. Аз 28 то 30 январ дар ноҳияҳои кӯҳии кишвар, дар ғарби ВМКБ ва шоҳроҳҳои Душанбе-Чаноқ, Душанбе-Лахш, Душанбе-Рашт, Душанбе-Сангвор, Ванҷ-Хоруғ, Хоруғ-Ишкошим-Мурғоб яхбандӣ ва фаромадани тарма дар назар аст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






