ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 26.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи асосан бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд, иттилоъ доданд аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон ҳавои камабр, дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 15-20 ва рӯзона 2-7 дараҷа хунук мешавад. Дар шарқи вилоят шабона 24-29 дараҷа хунук шуда, дар баъзе минтақаҳо то 33-38 дараҷа хунук, рӯзона 9-14 дараҷа хунук мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои камабри бебориш дар назар буда, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ (туман)-и тунук мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 4-1 дараҷа хунук ва рӯзона 6+11 дараҷа гарм шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 11-16 дараҷа хунук, рӯзона 2-7 дараҷа хунук мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри бебориш дар назар буда, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғи тунук мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона ва рӯзона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрноки тағйирёбанда дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 2-7 дараҷа хунук, рӯзона 9+14 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 11-16 дараҷа хунук, рӯзона 2-7 дараҷа хунук мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар буда, тормеғи тунук мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 4-6 дараҷа хунук ва рӯзона 11+13 дараҷа гарм мешавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






