ОГОҲИИ АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ: 15-20 январ дар Тоҷикистон боридани борону барф дар назар аст

Январь 15, 2022 12:00

ДУШАНБЕ, 15.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз 15 то 20 январи соли равон дар водиҳо боридани борон, аз  17 то 19 январ дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва баландкӯҳ боридани борону барф пешбинӣ шуда, дар баъзе ҳолатҳо бориши бошидати  барф дар назар аст. Инчунин аз 16 то 19 январ дар баъзе ноҳияҳо тормеғ (туман) мефарояд. Дар ин бора   муовини сардори Маркази обуҳавосанҷии Агентии обуҳавошиносии мамлакат  Парвина Саидҷамолова ба АМИТ «Ховар» хабар дод.

Аз 15 то 20 январ дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ (НТҶ) ва ғарби ВМКБ фаромадани тарма дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳои мамлакат туман мефарояд. Дар ағбаҳо дурии биниш то 400 метр камтар дар назар дошта мешавад.

Ба гуфти Парвина Саидҷамолова, дар қитъаҳои шоҳроҳои нақлиётгарди Душанбе-Чаноқ, Душанбе-Лахш, Душанбе-Рашт, Душанбе-Сангвор, Шамсиддин Шоҳин, Дарвоз, Ванҷ, Хоруғ, Хоруғ-Ишкошим, Мурғоб яхбандӣ ва дар баъзе қитъаҳо тармафароӣ аз эҳтимол дур нест.

Дар ҳамин робита Агенти обҳуавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сокинон ва меҳмонони пойтахт  хоҳиш менамояд, ки дар ин рӯзҳо  аз сафар худдорӣ намоянд.

Ба таваҷҷуҳи  ронандагон мерасонем, ки воситаҳои нақлиёташонро  барои ҳаракат дар шароити барфу яхбандӣ бо таҷҳизоти зарурӣ муҷҷаҳаз  гардонида,  ҳангоми ҳаракат дар роҳҳо, бахусус дар  манотиқи тармафаро фосилаи байни мошинҳоро қатъиян риоя намоянд.

АКС аз бойгонӣ АМИТ «Ховар»

Январь 15, 2022 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид