Ғолибони озмуни «Шоҳин» муайян гардиданд
ДУШАНБЕ, 06.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Конибодом озмуни «Шоҳин», ки бо ташаббуси Театри давлатии мусиқӣ-драмавии ба номи Туҳфа Фозилова ва дастгирии шарикони рушд эълон шуда буд, ҷамъбаст гардид, иттилоъ доданд аз хадамоти матбуоти вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар».
Мақсади баргузории озмун дарёфти истеъдодҳои нав ва таблиғи санъат миёни наврасон маҳсуб мешавад.
Озмуни истеъдодҳои нав миёни наврасони аз 6 то 16-сола гузаронида шуда, даври асосии он тариқи онлайн дар шабакаи «Instagram» баргузор ва баҳогузорӣ шуд. Озмун аз рӯи бахшҳои «Ҳаҷвнигорӣ», «Сурудхонӣ», «Рақс» ва «Навозиши асбобҳои мусиқӣ» гузаронида шуда, дар натиҷаи овоздиҳӣ ва интихоби ҳайати ҳакамони озмун Дилшод Ҳомидов ҷойи аввал, Дилноза Бурҳониддинова ҷойи дуюм ва Олимҷон Алиев ҷойи сеюмро сазовор гардиданд.
Соҳибони ҷойи аввал бо ноутбук, ҷойи дуюм бо планшет ва ҷойи сеюм бо дучарха қадрдонӣ шуданд.
Зикр карда шуд, ки дар даври ниҳоии озмун бештар аз 30 нафар ширкат варзида, дар ниҳоят беҳтаринҳо муайян шуданд.
АКС аз Хадамоти матбуоти вилояти Суғд








Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид






