Паёми Пешвои миллат ба омӯзгорону донишҷӯёни Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд тавзеҳ дода шуд

Январь 27, 2022 11:42

ДУШАНБЕ, 27.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Парлумони мамлакат дар ҳамоише, ки дар Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон  Ғафуров бо иштироки кормандони шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Хуҷанд ва устодону донишҷӯёни коллеҷ доир гардид, тавзеҳ дода шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти нази Ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад.

Дар ҳамоиш кормандони шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Хуҷанд оид  ба  нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон»,  дастовардҳо ва заҳмату талошҳои Сарвари давлат ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон сухан гуфтанд.

Ҳамзамон доир ба тағйирёбии иқлим ва дигар масъалаҳои марбут ба ҳифзи муҳити зист,  инчунин ҷараёни татбиқи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», ки бо Қарори Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон  3 апрели соли 2021 қабул гардидааст, табодули назар карда шуд.

Иштирокдорон оид ба вазифаҳо ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии ҷавонон   сухан гуфтанд.

Чунин ҳамоиш аз ҷониби сохтори  ҳифзи муҳити зисти шаҳри Истиқлол дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №1 гузаронида шуда, дар  он самтҳои асосии Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси олӣ шарҳ дода шуданд.

 АКС аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ

Январь 27, 2022 11:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд