Раиси Суди Олии иқтисодӣ: Паёми Пешвои миллат дурнамои рушди давлатдориро муайян менамояд
ДУШАНБЕ, 28.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд доир ба омӯзиши Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2021 ҳамоиш баргузор гардид, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавлуда Қаландарзода Паёми Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро яке аз муҳимтарин ҳуҷҷатҳои барномавие донист, ки дар муддати 22 соли охир ба таври муфассал дастовардҳои миллиро дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа таҳлил, баррасӣ ва арзёбӣ мекунад.
«Паёми ироа намудаи Президенти мамлакат ба Парлумони кишвар нақшаҳои наздиктаринро коркард ва дар асоси онҳо дурнамои рушди давлатдориро муайян менамояд. Паёми имсола аз паёмҳои қаблӣ тафовут дошт, зеро муҳтавои Паёми имсола аз таҳлили вазъияте, ки кишварамон дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ қарор дошт, оғоз гардида, сипас маълумоти муфассал аз лаҳзаи соҳибистиқлол шудани кишвар ва дастовардҳои имрӯзаи Тоҷикистон пешниҳод карда шуданд»,- зикр намуд М.Қаландарзода.
Зикр карда шуд, ки Паёми Президенти мамлакат дурнамои рушди соҳаҳои гуногуни ҷомеаи навини Тоҷикистонро муайян намуда, ҳамчун санади муҳим дар таҳкими сохти давлатдорӣ, таъмини субот, пешрафту шукуфоии ҷумҳурӣ, бунёди ҷомеаи дунявӣ ва фароҳам овардани зиндагии шоиста ба мардум нақши бориз дорад.
М.Қаландарзода зимни шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат иброз дошт, ки Сарвари давлат зимни суханронӣ даҳ соли аввали истиқлолиятро барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ номиданд. «Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд. Барои расидан ба бузургтарин дастоварди замони истиқлолият – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, ноил шудан ба зиндагии босаодати имрӯза ва бунёди Тоҷикистони навин, ки ҳоло аҳли башар онро мешиносад ва эътироф мекунад, мардуми шарафманди тоҷик содиқона заҳмат кашиданд, мушкилоту маҳрумияти ниҳоят вазнинро аз сар гузарониданд, фидокориву ҷоннисориҳо нишон доданд ва қаҳрамониҳо карданд».
Бо пешрафти ҷомеа муносибатҳои ҷамъиятӣ пайваста тағйир ёфта, дар ин замина ба муносибатҳои нав мутобиқ гардонидани қонунҳо шарти асосии таъмин намудани рушди устувори сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар мебошад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём зикр намуданд, ки баланд бардоштани сатҳу сифати қонунҳо, такмили механизми иҷрои онҳо, ба талаботи ҷомеа ва шаҳрвандон ҷавобгӯ будани меъёрҳои қонунҳои амалкунанда ҳамкории доимӣ ва ҳамаҷонибаи шохаҳои ҳокимияти давлатиро тақозо менамояд.
Дар ҳамоиш зикр карда шуд, ки дар баробари таҳияву қабули қонунҳо риоя ва иҷрои қатъии онҳо низ муҳим мебошад, зеро риоя нагардидани талаботи қонун боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон, манфиатҳои давлату ҷомеа, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолат, афзоиши ҷинояткорӣ ва бенизомӣ мегардад.
Сардори Раёсати таъмини ташкили кори судҳо ва баррасии муроҷиатҳои Суди Олии иқтисодӣ Зуҳуриддин Асрорзода иброз дошт, ки дар Паёми навбатии Пешвои миллат ҳадафҳои стратегии давлату ҳукумати мамлакат ба таври дақиқ мавриди омӯзиш ва баҳодиҳӣ қарор дода шудаанд. «Судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар пайравӣ аз сиёсати муваффақонаи Пешвои миллат фаъолияти худро бо риояи ҳатмии муқаррароти Конститутсия, қонунҳо, санадҳои қонунгузорӣ, санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, ба роҳ мемонад. Гуфта метавонем, ки имрӯзҳо маърифати ҳуқуқии сиёсии шаҳрвандон, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла соҳибкорон низ баланд бардошта мешавад ва ин аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳалли баҳсҳои иқтисодӣ дар судҳои иқтисодӣ тамоюли зиёдшавӣ дорад. Ин гуфтаҳо гувоҳи он аст, ки ҳар нафар ҳифз кардани арзишҳоеро, ки бо Конститутсия ва қонунҳо муайян шудаанд, бо роҳи қонунӣ ба роҳ мемонад. Хушбахтона, гуфта метавонем, ки ҳалли баҳсҳо дар судҳои иқтисодӣ бо риояи ин принсипҳо амалӣ карда мешаванд»,-афзуд З. Асрорзода.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»,
АКСҲО аз АМИТ «Ховар»








Дар заминҳои назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и ноҳияи Кӯшониён картошка кишт карда шудааст
Сулҳофар, тоҷикпарвар, ваҳдатгаро, ташаббускор, роҳкушо, нурофар, сипаҳсолор — ҳафт сифати барҷастаи роҳбарии Пешвои миллат
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд вохӯрӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад
Аз 1 то 3 май дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар назар аст
Монографияи илмӣ оид ба журналистикаи сайёҳӣ ба нашр расид
«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмун ҷамъбаст гардид
Имрӯз дар минтақаҳои доманакӯҳии ноҳияҳои тобеи Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад
Сокини ноҳияи Кӯшониён аз ҳар қуттӣ кирмак то 35 килограмм пилла ба даст меорад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад






