Роҳҳои Кӯлоб мутобиқ ба меъёрҳои муосир таъмиру навсозӣ мешаванд
ДУШАНБЕ, 18.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади ба танзим даровардани ҳаракати нақлиёт дар хиёбони Исмоили Сомонӣ, назди бозори Саховат ва марказҳои савдои шаҳри Кӯлоб, ки дар ин ҷойҳо танбашавии нақлиёт ба таври доимӣ ба назар мерасад, таъмиру навсозии роҳ аз кӯчаи Худоёр Назаров то назди пули сойи Тебалай дар кӯчаи Чармгарони поён оғоз гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб.
Паҳнои роҳ 7 метрро дар бар гирифта, дар ду шафати он бунёди роҳи пиёдагард, шабакаҳои равшаннамоӣ, хатҳои обгузар ва дигар воситаҳои хизматрасонӣ пешбинӣ гардидааст.
Ин қитъаи роҳ мутобиқ ба меъёрҳои муосири роҳсозӣ ва бо риояи қоидаҳои мавҷуда бунёд карда мешавад. Ҳамзамон роҳбарияти шаҳри Кӯлоб масъулини Идораи обу корез, шабакаҳои барқ ва бахши равшаннамоии кӯчаҳоро муваззаф намуд, ки ҷиҳати дар муҳлати муайншуда ва бо сифати баланд иҷро шудани корҳои сохтмонӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд.
Сокинони маҳаллаи Чармгарони поён бо изҳори миннатдорӣ аз ташаббуси созандагии шаҳрдорӣ ваъда доданд, ки баъди навсозию мавриди истифода қарор гирифтани роҳи мошингарди кӯча ҳолати тозаву озода нигоҳ доштани онро таъмин менамоянд.
Дар оянда барои боз ҳам беҳтар гардидани ҳаракати бемамониати нақлиёт аз болои сойи Тебалай пули мошингард бунёд гардида, роҳи паҳлӯи сой аз хиёбони Исмоили Сомонӣ то кӯчаи Даминзода таъмир ва самтҳои ҳаракати нақлиёт муайян карда мешавад.
АКСҲО: мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб








Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд
Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад






