Сафири Тоҷикистон бо хабарнигори Агентии давлатии иттилоотии Туркия «Анадолу» мусоҳиба анҷом дод

Январь 29, 2022 11:09

ДУШАНБЕ, 29.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. 28 январ ба муносибати 30-юмин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия мусоҳибаи Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Анкара Ашрафҷон Гулов бо хабарнигори Агентии давлатии иттилоотии Ҷумҳурии Туркия «Анадолу» доир гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар мусоҳибаи мазкур оид ба ҳамкории пурсамари дуҷонибаи Тоҷикистон ва Туркия дар давоми 30 сол, сафарҳои сатҳи олии роҳбарони ду кишвар ва мавҷудияти фазои эътимод дар равобити  сиёсӣ, дипломатӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва дигар соҳаҳои мутақобилан судманд иттилоъ дода шуд.

Матни пурраи мусаҳиба дар ин барчасп дастрас ҳаст:

https://www.aa.com.tr/…/tacikistanin-ankara…/2487909

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дода буд, 28 январ миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Туркия муҳтарам Реҷеп Тайип Эрдоган ба муносибати 30-юмин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишвар мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба амал омад.

Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти Ҷумҳурии Туркия муҳтарам Реҷеп Тайип Эрдоган, аз ҷумла гуфта мешавад:

«Ҷаноби Олӣ, дӯсти гиромӣ,

Лутфан, табрикоти самимӣ ва таманниёти неки ин ҷонибро ба муносибати 30-солагии истиқрори робитаҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия бипазиред.

Тайи солҳои сипаришуда муносибатҳои дӯстиву ҳамкориҳои судманд миёни Тоҷикистон ва Туркия зина ба зина рушд ёфта, имрӯз доираи васеи шарикии байнидавлатиро дар арсаҳои гуногуни мавриди манфиатҳои аслии мардумони ду ҷониб дар бар мегиранд.

Мо аз сатҳу муҳтавои кунунии робитаҳои фарогири кишварҳоямон, ки бар пояи арзишҳои муштараки тамаддунӣ, таърихӣ ва усулҳои ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтироми якдигар ва эътимод асос ёфтаанд, ғояти қаноатмандии худро изҳор мекунем.

Итминони комил дорем, ки бо азми қавӣ ва ҷидду ҷаҳди амалии якҷоя муносибатҳои ду кишвар минбаъд ҳам ба таври рӯзафзун рушд ёфта, паҳнои сифатан нави ҳамкориро касб хоҳанд кард.

Тоҷикистон алоқаманди тақвияти ин раванд буда, омодааст, то дар ин ҷода тадбирҳои лозима андешад.

Ба Шумо, ҷаноби Президент, сиҳатмандии комилу саодат ва комёбиҳои навин, ба мардуми бародари Туркия сулҳу субот, осудаҳолӣ ва пешрафту шукуфоии бемайлон орзумандам».

Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Туркия муҳтарам Реҷеп Тайип Эрдоган ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, чунин гуфта шудааст:

«Муҳтарам Ҷаноби Олӣ, дӯсти азиз,

Ба муносибати 30-юмин солгарди истиқрори равобити дипломатӣ байни кишварҳоямон, Ҷаноби Олӣ ва мардуми Тоҷикистонро аз номи худ ва аз номи миллатам самимона табрику муборакбод мегӯям.

Мо аз он хушнудем, ки кишвари мо яке аз нахустинҳо дар заминаи пайвандҳои муштараки таърихиву фарҳангӣ бо Тоҷикистон равобити дипломатиро барқарор намудааст. Ба шарофати робитаҳои устуворе, ки мо тайи се даҳсолаи охир дар бисёр соҳаҳо барқарор кардем, муносибатҳои мо ҳам дар сатҳи дуҷониба ва ҳам дар арсаи байналмилалӣ пайваста рушду таҳким ёфта истодаанд.

Бо дарназардошти таҳаввулоти минтақаи мо, ман бар он боварам, ки ҳамкорӣ ва ҳамбастагӣ байни давлату мардумони мо бояд минбаъд низ таҳким ёфта, ҳифз карда шаванд. Қадамҳои устуворе, ки Тоҷикистон таҳти роҳбарии Шумо мегузорад, моро водор менамояд, то ба ояндаи муносибатҳои ҳамкории кишварҳоямон дидгоҳи умедбахш дошта бошем.

Мо омодаем, ки бо амалӣ намудани Шӯрои ҳамкории миёни кишварҳо, ки дар 20-умин солгарди равобити дипломатӣ таъсис додаем, бо талошҳои муштарак ба ин раванд ба манфиати умум ва некӯаҳволии мардумонамон вусъат бахшем.

Бо истифода аз фурсат ба Ҷаноби Олӣ тансиҳативу хушбахтӣ, ба мардуми дӯсту бародари Тоҷикистон беҳбудиву осудагӣ орзумандам».

Бояд зикр намуд, ки имрӯз, 29 январ ба барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия 30 сол пур мешавад. Сафорати Ҷумҳурии Туркия моҳи марти 1992 дар Душанбе ба фаъолият шурӯъ кард. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи декабри соли 1995 дар Анқара ифтитоҳ гардид. Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Истанбул соли 2011 ба кор шурӯъ намуд.

То ба имрӯз беш аз панҷ даври машваратҳои сиёсӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия дар Душанбе ва Анқара доир шуданд.

Байни ду кишвар зиёда аз 65 созишномаю тафоҳумномаҳо ва дигар санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расидаанд.

Дар ҳамкории иқтисодӣ миёни ду кишвар Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркия оид ба ҳамкории иқтисодӣ нақши муҳим дорад ва то имрӯз беш аз даҳ нишасти Комиссия дар Душанбе ва Анқара баргузор гардидааст.

Агентии Туркия оид ба ҳамкории байналмилалӣ (ТИКА) дар Тоҷикистон нақши муҳим мебозад ва аз ҷониби ин Агентӣ дар Тоҷикистон даҳҳо лоиҳаҳо татбиқ шудаанд.

АКСҲО: ВКХ ҶТ/АМИТ «Ховар»

Январь 29, 2022 11:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни тоҷике, ки дар Русия таҳсил доранд, даъват шуданд, ки илм омӯзанд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт
Намояндаи Тоҷикистон дар машваратҳои ғайрирасмӣ дар сатҳи сафирон оид ба Саммити Оянда иштирок намуд
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар ҳамоиш бахшида ба раёсати Қазоқистон дар Созмони Ҳамкории Шанхай иштирок намуд
Ҷавонон дар сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Тоҷикистон ҷойгоҳи афзалиятнок доранд
Дар Ашқобод ҳамкории Тоҷикистон бо Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда баррасӣ шуд
Дар Женева тақвияти ҳамкории Тоҷикистон бо Маркази байналмилалии савдо баррасӣ гардид
Тоҷикистон бо Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд оид ба тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод ва тиҷорат табодули афкор намуд
Имрӯз таҳти раёсати Сарвазири Тоҷикистон ҷаласаи дуюми Кумитаи тадорукоти Конфронси сеюми оби Душанбе баргузор гардид
Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Тоҷикистон барои дорандагони шиносномаҳои умумишаҳрвандии хориҷии Туркия низоми раводид ҷорӣ намуд
Дар Тошканд вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд