Сафири Тоҷикистон бо Роҳбари Муассисаи рушди сабзи ҷаҳонӣ мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 12.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея Юсуф Шарифзода бо Роҳбари Муассисаи рушди сабзи ҷаҳонӣ Пан Ги Мун 11 январ баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар мулоқот ҷонибҳо атрофи пайомадҳои тағйирёбии иқлим, татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва ноил гаштан ба ҳадафҳои рушди устувор табодули афкор намуданд.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар самти татбиқи ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони байналмилалӣ ҳамкории густурда ба роҳ мемонанд.
Бояд зикр намуд, ки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 декабри соли 2021, аз ҷумла ба масъалаи тағйирёбии глобалии иқлим ва зарурати рушди энергетикаи «сабз» таваҷҷуҳ зоҳир намуда, дастур доданд, ки то охири соли 2022 Стратегияи рушди «иқтисоди сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул карда, татбиқи онро таъмин намояд.
«Имрӯз дар кишвари мо 98 фоизи неруи барқ аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия, яъне асосан бо истифода аз неруи об истеҳсол гардида, Тоҷикистон аз рӯи фоизи истеҳсоли «энергияи сабз» шашум кишвари пешсафи сайёра мебошад.
Инчунин Тоҷикистон аз рӯйи кам будани ҳаҷми партови газҳои гулхонаӣ низ яке аз ҷойҳои баландтаринро ишғол мекунад», — таъкид намуданд Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.
АКС: ВКХ ҶТ








Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»
Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд
Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд






