Сафири Тоҷикистон бо Вазири Дафтари корҳои хориҷӣ, Иттиҳод ва рушди Британияи Кабир мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 29.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. 27 январ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Рухшона Эмомалӣ бо Вазири давлатии Британияи Кабир оид ба Осиёи Ҷанубӣ ва Иттиҳод Лорд Ториқ Аҳмад мулоқот анҷом дод. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Аснои вохӯрӣ ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Британияи Кабирро дар соҳаҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор дода, роҷеъ ба дурнамои рушди онҳо табодули афкор намуданд.
Тарафҳо ҳамчунин атрофи масъалаҳои муҳими минтақавӣ ва байналмилалӣ ибрози назар карданд.
Вазир Лорд Ториқ Аҳмад дар фаъолияти минбаъдаи Рухшона Эмомалӣ ба ҳайси Сафири Тоҷикистон дар Британияи Кабир комёбиҳо орзу намуд.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд
Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид






