Соли 2021 ба фонди Китобхонаи миллии Тоҷикистон зиёда аз 40 ҳазор китобҳои тозанашр ворид шуданд
ДУШАНБЕ, 26.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар соли 2021 ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон зиёда аз 23 ҳазор нафар аъзо гардида, беш аз 259 ҳазор нафар барои дастрас намудани китобу иттилоот ворид шуда, зиёда аз 40 ҳазор китобҳои тозанашр ба фонди муассиса қабул карда гардиданд, ки яке аз нишондиҳандаҳои баландтарин ба ҳисоб меравад. Фонди Китобхонаи миллии Тоҷикистонро 3 миллиону 300 ҳазор адад китоб ва дигар маводи чопию иттилоотӣ ташкил медиҳанд. Дар ин бора муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Гадобек Маҳмудов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» изҳори назар намуд.
Ёдовар мешавем, ки таваҷҷуҳи ҳукумати мамлакат ба соҳаи китобу китобдорӣ сол аз сол беҳтар гардида, дар ин давра аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҷалби таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа ба китобхонӣ тадбирҳои зиёд андешида шуданд. Баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз ҳамин ҷумла мебошад.
Муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Гадобек Маҳмудов иброз дошт, ки Китобхонаи миллӣ дар соли таърихии 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ фаъолияти худро бо нишондиҳандаҳои назаррас ҷамъбаст намуд.
Соли 2021 аз ҷониби Китобхонаи миллии Тоҷикистон “Донишномаи матбуоти даврии тоҷик”, дастури библиографии “Лоиқ Шералӣ: маҷмӯаи мақолаҳо ва китобномаи шарҳиҳолӣ”, китоби “Библиографияи забоншиносӣ”, “Ормони миллат: Роғун – бузургтарин сарбанди асри нав”, маҷмӯаи мақолаҳо ва китобномаи шарҳиҳолии Шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким, маҷмӯаи мақолаҳои “Тоҷнома: суботи сиёсӣ-фарҳангӣ ва ваҳдати миллӣ” ба нашр расида, дастраси хонандагон гардонида шуданд.
Ба иттилои Гадобек Маҳмудов, дар соли сипаришуда 127 барномаи илмӣ-оммавӣ ва конфронсу вохӯриҳо доир карда шуданд. Новобаста ба паҳншавии бемории коронавирус дар ҷаҳон таваҷҷуҳи сайёҳон ба китобхона кам нагашта, соли сипаришуда зиёда аз 700 нафар меҳмонони дохилу хориҷи мамлакат аз осорхонаву марказҳои фарҳангии он дидан кардаанд, ки ин нишондиҳандаҳо нисбат ба соли 2020 зиёд мебошанд.
Қабули «Барномаи рушди китобхонаи миллии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027» аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйдодҳои муҳим ба ҳисоб меравад, ки умедвориҳои масъулинро дар самти рушди фаъолияти техникӣ–инноватсионии китобхона боз ҳам бештар кардааст.
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»








Шоири халқии Тоҷикистон Доро Наҷот аз олам даргузашт
ДАСТОВАРДИ ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Китобхонаи миллии Тоҷикистон иқтидори нигоҳдории то 10 миллион нусха китобро дорад
Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи ҷумҳуриявии озмунҳо баргузор гардид
Китоби «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ»-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хати форсӣ рӯнамоӣ гардид
Олимони Ҳиндустон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо ёдгориҳои беназир ва бозёфтҳои нодири бостоншиносӣ шинос шуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳти унвони «Меъмори кохи бузурги маънавӣ» китоб нашр шуд
ЭҲЁИ ҶАШНҲОИ МИЛЛӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Ва ё мақоми байналмилалиро соҳиб гардидани онҳо
СИНАМОИ ТОҶИК ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра беш аз 300 филм ба навор гирифта шудааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «24 ёдгории таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси моддии ҷаҳонии ЮНЕСКО сабт гардидааст»
Президенти Тоҷикистон: «Мо барои арҷгузорӣ ба арзишҳои асили тамаддуни тоҷикону форсизабонон иқдомоти муассирро амалӣ намудем»
ШЕЪР ВА ИСТИҚЛОЛ. Назми муосири тоҷик дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар сафи пеши худшиносии миллӣ ва ҳаракати ваҳдати миллӣ қарор гирифт
Кормандони соҳаи фарҳанг бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд






