Соли 2021 Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ 5 ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ таъсис намуд

Январь 17, 2022 10:15

ДУШАНБЕ, 17.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе  то 5  январи соли 2022 дар 190 ташкилоти ҳизбӣ 15 ҳазору 369 нафар аъзои ҳизбро муттаҳид намудааст. Соли сипаришуда 5 ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар ҶДММ «Сохтмони рушди энергетика», Нашрияи расмии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Садои мардум», Гимназияи №4, Маркази саломатии «Чимтеппа» ва дастгоҳи Суди ноҳияи Фирдавсӣ таъсис дода шуда, ташкилоти ҳизбии «Роҳсоз» ба Кумитаи иҷроияи ибтидоӣ табдил дода шуд.

Ин нуктаро  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе  Абдураҳим Шоҳиён зимни маърӯза «Оид ба фаъолияти Кумитаи иҷроия ва ташкилоти ибтидоӣ дар соли 2021 ва вазифаҳои минбаъда барои соли 2022» дар ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ иброз намуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ хабар медиҳад, ҷаласаи мазкур дар толори Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат бо иштироки мудири маркази таҳлилии дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Илҳомҷон Ҳамидиён, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Абдураҳим Шоҳиён, муовини раиси ноҳияи Фирдавси шаҳри Душанбе Темурҷон Аловуддинзода ва аъзои Кумитаи иҷроияи маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, сармуҳаррири нашрияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон-рӯзномаи «Народная газета» Маҳбуба Камолова бо мақсади натиҷагирӣ аз фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар соли 2021 ва вазифагузорӣ барои соли 2022 баргузор гардид. Инчунин дар кори маҷлиси Кумитаи иҷроия раисони кумитаву ташкилоти ибтидоӣ ва фаъолони ҳизб иштирок намуданд.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ Абдураҳим Шоҳиён таъкид  кард, ки таъсиси ташкилоти ҳизбӣ дар меҳвари фаъолияти мо қарор дошта, ҷиҳати боз ҳам мустаҳкам намудани мавқеъ ва нуфузи ҳизб дар ҷомеа мусоидат менамояд.

Ҳамзамон музокирачиён фаъолияти кумитаро дар соли сипаригардида қаноатбахш ҳисобиданд. Аз рӯи масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлис оид ба омӯзиш ва тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба тарғибу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2021 мудири Маркази таҳлилии дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Илҳомҷон Ҳамидиён изҳори назар намуда, нуктаҳои Паёми имсолаи Сарвари  давлатро дар самтҳои гуногун шарҳу тавзеҳ дод.

Мавсуф иброз дошт, ки вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, моро водор месозанд, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти кишварамон диққати аввалиндараҷа диҳем.

«Мо мардуми бонангу ор ва дорои шарафу ҳисси миллию меҳанпарастӣ буда, дар якҷоягӣ бо мақсади ҳимояи марзу буми давлат, таъмини амнияти давлату миллат ва ҳифзи суботу оромии ҷомеа, пешгирӣ ва бартараф кардани ҳама гуна таҳдиду хатарҳои берунӣ, таъмини волоияти қонун, тартиботи ҷамъиятӣ, ободӣ ва шукуфоии Ватани маҳбубамон саҳми босазо хоҳем гузошт»-иброз намуд И.Ҳамидиён.

Ичунин доир ба масъалаҳои дохилиҳизбӣ аз ҷониби аъзои Кумитаи иҷроия қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

Дар фарҷоми маҷлиси ҷамъбастӣ ба як гурӯҳ фаъолони ҳизб сипосномаҳо ва ифтихорномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ва дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон супорида щуда, дар вазъияти тантанавӣ ба ҷавононе, ки нав  ба узвияти ҲХДТ қабул гардиданд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуданд.

 АКСҲО:  КИ ҲХДТ дар н. Фирдавсӣ

Январь 17, 2022 10:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд масъалаи риояи талаботи санитарию эпидемиологӣ дар муассисаҳои хизматрасонӣ баррасӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Тоҷикобод хати нави оби нӯшокӣ ва иншооти иҷтимоӣ мавриди истифода қарор гирифтанд
Дар Тоҷикистон 73 фоизи кормандони соҳаи маориф ва 72 фоизи кормандони тандурустиро занон ташкил медиҳанд
Ҳангоми зиёд шудани чангу ғубор барои ҳифзи саломатӣ тадбирҳои заруриро амалӣ намоед
Экспедитсияи илмии олимону мутахассисони Ҳиндустон дар Тоҷикистон оғоз гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Тоҷикистон 182 деҳаи нав таъсис дода шуд
Дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳаво дар назар аст
ПЕШВОИ САОДАТОФАР ВА МИЛЛАТИ САОДАТМАНД. Мулоҳизаҳо оид ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон шумораи нафақагирон 53 фоиз зиёд шудааст
АЗ ИСТИҚЛОЛ ТО РУШДИ УСТУВОР. Андешаҳо дар мавриди 35 соли пурифтихори Истиқлолияти давлатӣ
ҲИЗБЕ, КИ ДАР ДАВРАИ ИСТИҚЛОЛ БАРОИ ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ ТАЛОШ НАМУД. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ: АЗ ИМТИҲОНИ ТАЪРИХ ТО УФУҚҲОИ РУШДИ МИЛЛӢ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар ин маврид