Соли 2022 будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия дар доираи қонунҳои амалкунандаи ин кишвар амалӣ гардонида мешавад
ДУШАНБЕ, 03.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Фармони Президенти Федератсияи Русия аз 15 июни соли 2021 «Дар бораи чораҳои муваққатӣ барои танзими вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар Федератсияи Русия дар давраи рафъи оқибатҳои паҳншавии сирояти нави коронавирус (COVID-19)» 30 декабри соли 2021 ба анҷом расид. Соли 2022 будубоши шаҳрвандони хориҷие, ки ба ин қаламрав меоянд ё дар Федератсияи Русия (ФР) будубош ва ё фаъолияти меҳнатӣ, таҳсил ва муваққатан зиндагӣ доранд, дар доираи қонунҳои амалкунандаи Федератсияи Русия амалӣ гардонида мешавад.
Тавре масъули бахши матбуоти Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Каримҷон Салимзода ба АМИТ «Ховар» изҳор дошт, шаҳрвандоне, ки соли гузашта натавонистанд, ки дар доираи фармони мазкур будубоши худро расман дар қайди давлатӣ гузоранд ва ё натавонистанд барои дарёфти иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ (патент) бастаи ҳуҷҷатҳои худро пешниҳод намоянд, бояд қаламрави Федератсияи Русияро тарк намоянд.
Шаҳрвандони хориҷие, ки то 30 сентябри соли 2021 будубоши худро дар назди мақомоти марбутаи Федератсияи Русия ба қайди муҳоҷиратӣ гузоштаанд, новобаста аз мақсади вурудашон (шахсӣ, сайёҳӣ, тиҷоратӣ ва ғайраҳо) тибқи муқарароти фармони мазкур метавонанд бастаи ҳуҷҷатҳои худро барои дарёфти иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ (патент) пешниҳод намоянд.
Дар иртибот ба ин, соли 2021 вобаста ба татбиқи иҷрои фармони мазкур дар самти қонунигардонии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави Фудератсияи Русия ба 18 610 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон машварат ва тавсияҳои ҳуқуқӣ расонида шуда, аз ин шумора ба 14857 нафар тавсияҳои ҳуқуқӣ ва ба 35 763 нафар шаҳрвандон кумакҳои ҳуқуқии амалӣ расонида шуданд.
Ба гуфти Каримҷон Салимзода, соли гузашта масъулини Намояндагӣ 221 вохӯриву суҳбатҳо бо муҳоҷирони меҳнатиро бо мақсади тақвият бахшидани корҳои иттилоотӣ ҷиҳати тавсия ва машваратҳои ҳуқуқӣ оид ба раванди қонунигардонии муҳоҷирони меҳнатие, ки ғайрирасмӣ дар қаламрави ФР қарор доранд, ба роҳ мондааст. Дар баробари ин соли гузашта масъулини Намояндагӣ баҳри сари вақт баррасӣ ва бартараф намудани мушкилоти ба миёномадаи муҳоҷирони меҳнатӣ, таҳким бахшидан ва рушди ҳамкорӣ бо давлати қабулкунанда оид ба масоили муҳоҷират бо дарназардошти ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ бо Сарраёсати кор бо муҳоҷиратии ВКД Федератсияи Русия, прокуратура, суд, шуъбаҳои полис, кумитаҳои тафтишотӣ, марказҳои нигаҳдории шаҳрвандони хориҷӣ, ташкилоту созмонҳои давлативу ҷамъиятӣ 83 мулоқоту суҳбатҳои судманди корӣ роҳандозӣ намуда, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд.
Қабул гардидани Фармони Президенти Федератсияи Русия аз 15 июни соли 2021 «Дар бораи чораҳои муваққатӣ барои танзими вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар Федератсияи Русия дар давраи рафъи оқибатҳои паҳншавии сирояти нави коронавирус (COVID-19)» дар давраи пандемия имконият фароҳам овард, ки шаҳрвандони хориҷие, ки ба ҳолати мушкил гирифтор буданд, будубош ва фаъолияти меҳнатии худро ба расмият дароварда, дар доираи талаботи қонунгузории Федератсияи Русия фаъолият намоянд.
АКСҲО аз бойгонии АМИТ «Ховар»








«ҲУНАРМАНДИ СОЛ-2026». Даври ҷумҳуриявии озмун ҷамъбаст гардид
Роҳбари намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ дар Тоҷикистон Габриэл Акимова: «Тоҷикистон як гавҳари ниҳон аст»
Дар Хадамоти иҷро масъалаи рақамикунонӣ ва тақвияти ҳамкории байниидоравӣ дар шароити муосир баррасӣ гардид
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷаласаи ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ доир шуд
Форуми миллии комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак баргузор гардид
Байни Тоҷикистону Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Таҷрибаи рушди маҳал ва маорифи Тоҷикистон дар форуми Москва муаррифӣ карда шуд
Дар Душанбе 16-умин Муколамаи Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо оид ба ҳуқуқи инсон доир шуд
ОГОҲӢ! Аз 27 то 29 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Ба шарафи варзишгарони тоҷик Парчами давлатии Тоҷикистон зиёда аз 850 маротиба баланд бардошта шуд
Сокинони Рашт бо парчамҳои давлатӣ ва руҳияи баланди ватандӯстӣ ба роҳпаймоӣ баромаданд
Беш аз 30 ҳазор сокинони Хуҷанд ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ ба роҳпаймоӣ баромаданд






