Соли 2022 будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия дар доираи қонунҳои амалкунандаи ин кишвар амалӣ гардонида мешавад

Январь 3, 2022 09:42

ДУШАНБЕ, 03.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Фармони  Президенти Федератсияи Русия аз 15 июни соли 2021  «Дар бораи чораҳои муваққатӣ барои танзими вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар Федератсияи Русия дар давраи рафъи оқибатҳои паҳншавии сирояти нави коронавирус (COVID-19)»   30 декабри соли 2021 ба анҷом расид. Соли 2022 будубоши шаҳрвандони хориҷие, ки ба ин қаламрав меоянд ё дар Федератсияи Русия (ФР) будубош ва ё фаъолияти меҳнатӣ, таҳсил ва муваққатан зиндагӣ доранд, дар доираи қонунҳои амалкунандаи Федератсияи Русия  амалӣ гардонида мешавад.

Тавре масъули бахши матбуоти Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Каримҷон Салимзода ба АМИТ «Ховар» изҳор дошт, шаҳрвандоне, ки соли гузашта натавонистанд, ки дар  доираи фармони  мазкур будубоши худро  расман дар  қайди давлатӣ гузоранд ва ё натавонистанд барои дарёфти иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ (патент) бастаи ҳуҷҷатҳои худро пешниҳод намоянд,  бояд қаламрави Федератсияи Русияро тарк намоянд.

Шаҳрвандони хориҷие, ки то 30 сентябри соли 2021 будубоши худро дар назди мақомоти марбутаи Федератсияи Русия ба қайди муҳоҷиратӣ гузоштаанд, новобаста аз мақсади вурудашон (шахсӣ, сайёҳӣ, тиҷоратӣ ва ғайраҳо) тибқи муқарароти фармони мазкур метавонанд бастаи ҳуҷҷатҳои худро барои дарёфти иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ (патент) пешниҳод намоянд.

Дар иртибот ба ин, соли 2021 вобаста ба татбиқи иҷрои фармони мазкур дар самти қонунигардонии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави Фудератсияи Русия ба 18 610 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон машварат ва тавсияҳои ҳуқуқӣ расонида шуда, аз ин шумора ба 14857 нафар тавсияҳои ҳуқуқӣ ва ба 35 763 нафар шаҳрвандон кумакҳои ҳуқуқии амалӣ расонида шуданд.

Ба гуфти Каримҷон Салимзода, соли гузашта масъулини Намояндагӣ 221 вохӯриву суҳбатҳо бо муҳоҷирони меҳнатиро бо мақсади тақвият бахшидани корҳои иттилоотӣ ҷиҳати тавсия ва машваратҳои ҳуқуқӣ оид ба раванди қонунигардонии муҳоҷирони меҳнатие, ки ғайрирасмӣ дар қаламрави ФР қарор доранд, ба роҳ мондааст. Дар баробари ин соли гузашта масъулини Намояндагӣ баҳри сари вақт баррасӣ ва бартараф намудани мушкилоти ба миёномадаи муҳоҷирони меҳнатӣ, таҳким бахшидан ва рушди ҳамкорӣ бо давлати қабулкунанда оид ба масоили муҳоҷират бо дарназардошти ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ бо Сарраёсати кор бо муҳоҷиратии ВКД Федератсияи Русия, прокуратура, суд, шуъбаҳои полис, кумитаҳои тафтишотӣ, марказҳои нигаҳдории шаҳрвандони хориҷӣ, ташкилоту созмонҳои давлативу ҷамъиятӣ 83 мулоқоту суҳбатҳои судманди корӣ роҳандозӣ намуда, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд.

Қабул гардидани Фармони Президенти Федератсияи Русия аз 15 июни соли 2021 «Дар бораи чораҳои муваққатӣ барои танзими вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар Федератсияи Русия дар давраи рафъи оқибатҳои паҳншавии сирояти нави коронавирус (COVID-19)» дар давраи пандемия имконият фароҳам овард, ки шаҳрвандони хориҷие, ки ба ҳолати мушкил гирифтор буданд, будубош ва фаъолияти меҳнатии худро ба расмият дароварда, дар доираи талаботи қонунгузории Федератсияи Русия фаъолият намоянд.

 

АКСҲО аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Январь 3, 2022 09:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Фестивали чоруми дӯстии ҷавонони шаҳри Душанбе баргузор гардид
«БАЧА АЗИЗ, ОДОБАШ АЗ ОН АЗИЗТАР…». Ба таълиму тарбияи фарзандон набояд бетарафӣ зоҳир намуд
Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон ва Институти байналмилалии Осиёи Марказӣ масоили ҳамкории илмию таҳлилиро баррасӣ намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Беморхонаи марказии ноҳияи Темурмалик пурра навсозӣ гардид
ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ. Аз 1 апрел кормандони мақомоти давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ ва ташкилотҳои давлатӣ ба омӯзиши ҳатмии забонҳои хориҷӣ фаро гирифта мешаванд
Дар ноҳияи Айнӣ сеюмин ҳамоиши гирандагони стипендияи президентӣ баргузор шуд
НАВРӮЗИ ХУҶАСТАПАЙ МУЖДАИ НЕКИ БАҲОРИ ХУРРАМ. Дар Суғд Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳи хоса таҷлил шуд
Тоҷикистон терроризму ифротгароиро қотеона маҳкум менамояд
24 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО БЕМОРИИ СИЛ. Ҳадаф аз он огоҳӣ, пешгирӣ ва мубориза бар зидди ин беморӣ мебошад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Соли 2023 дар ҷумҳурӣ беш аз 1 миллион бех ниҳоли дарахтони гуногун шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли гулкарам масунияти инсонро боло мебардорад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли ғизои солим беҳтарин роҳи ҳифзи солимии шахс мебошад