«Somon AiR»: Пеш аз сафар шаҳодатномаи ҳуҷҷати аслии ПСР-тест бо натиҷаи манфии санҷиш зарур мебошад
ДУШАНБЕ, 15.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон «Somon AiR» бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии коронавируси COVID-19 ёдовар мешавад, ки ҳангоми қайди чипта пешниҳоди шаҳодатномаи ҳуҷҷати аслии ПСР-тест бо натиҷаи манфии санҷиш зарур мебошад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон «Somon AiR».
Шаҳодатномаҳое, ки дар онҳо натиҷаи манфии санҷиши COVID-19 дарҷ нашудааст, қабул карда намешаванд.
Дар шаҳодатнома бояд ному насаби мусофир (беҳтараш бо забони англисӣ), санаи таваллуд, натиҷаи манфии ПСР-тести COVID-19, ҳамчунин рамзи QR барои онҳое, ки ба Русия парвоз мекунанд қайд шуда бошанд.
Ба мусофироне, ки ба Тоҷикистон сафар менамоянд, доштани натиҷаи манфии ПСР-тест ҳатмӣ мебошад. Кӯдакони то 3-сола аз супоридани санҷиши ПСР озод мебошанд.
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»








Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд






