«Somon AiR»: Пеш аз сафар шаҳодатномаи ҳуҷҷати аслии ПСР-тест бо натиҷаи манфии санҷиш зарур мебошад

Январь 15, 2022 09:27

ДУШАНБЕ, 15.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон «Somon AiR» бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии коронавируси COVID-19 ёдовар мешавад, ки  ҳангоми қайди чипта  пешниҳоди шаҳодатномаи ҳуҷҷати аслии ПСР-тест бо натиҷаи манфии санҷиш зарур мебошад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон «Somon AiR».

Шаҳодатномаҳое, ки дар онҳо натиҷаи манфии санҷиши COVID-19 дарҷ нашудааст, қабул карда намешаванд.

Дар шаҳодатнома бояд ному насаби мусофир (беҳтараш бо забони англисӣ), санаи таваллуд, натиҷаи манфии ПСР-тести COVID-19, ҳамчунин рамзи QR барои онҳое, ки ба Русия парвоз мекунанд қайд шуда бошанд.

Ба мусофироне, ки ба Тоҷикистон сафар менамоянд, доштани натиҷаи манфии ПСР-тест ҳатмӣ мебошад. Кӯдакони то 3-сола аз супоридани санҷиши ПСР озод мебошанд.

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Январь 15, 2022 09:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар 86 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии Тоҷикистон аз рӯйи 344 номгӯйи ихтисос мутахассисон омода карда мешаванд
Хиёбони Рӯдакӣ 57: манбаи имкониятҳои рақамӣ дар маркази Душанбе
Имрӯз ҳаво дар водиҳои Тоҷикистон то 44 дараҷа гарм мешавад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи соҳаи кишоварзии шаҳри Турсунзода шинос шуд
Дар Хатлон беш аз 2,8 ҳазор қонуншиканӣ дар соҳаи истифодаи нерӯи барқ ошкор шудааст
Филми «Дар талоши ҳақиқат» дар Синамоҷашнвораи байналмилаии давлатҳои аъзои СҲШ бо ҷойзаи махсус қадрдонӣ шуд
Дар Техас шумораи ҳалокшудагон бар асари обхезӣ ба 80 нафар расид
Дар Суғд ба масофаи 665 метр корҳои соҳилмустаҳакамкунӣ анҷом дода шуд
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 41 дараҷа гарм мешавад
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи маъюбон ҳамоиш доир шуд
«САМУРАЕ, КИ ШАМШЕР НАДОРАД». Асари нависандаи ҷопонӣ тарҷума ва нашр гардид
Имсол дар Тоҷикистон дар беш аз 186 ҳазор гектар кишти такрории зироати кишоварзӣ гузаронида мешавад