«Sputnik»: Эмомалӣ Раҳмон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ даъват намуданд, то барои ҳифзи марз бо Афғонистон муттаҳид шаванд

Январь 26, 2022 10:44

ДУШАНБЕ, 26.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҳифзи сарҳад бо Афғонистон ҳамкории густурдаи кишварҳои тамоми минтақаро тақозо менамояд. Дар ин бора Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи суханронии худ дар нишасти роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки дар сиғаи видеоконфронс доир гардид, изҳори назар намуданд, менависад Агентии иттилоотии Русия «Sputnik».

Ба гуфтаи Сарвари давлат, мушкили Афғонистон ҳамоно тезу тунд боқӣ мемонад.

«Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори истиқрори сулҳу субот дар Афғонистон аст. Даъвати Созмони Милали Муттаҳидро ҷиҳати расонидани кумакҳои башарӣ ба мардуми Афғонистон ҷонибдорӣ менамоем ва то ҳадди имкон ба мардуми Афғонистон кумакҳои башарӣ мерасонем»,-гуфтанд Пешвои миллат.

Сарвари Тоҷикистон афзуданд, ки фаъол шудани гурӯҳҳои террористиву ифротӣ дар қаламрави кишвари ҳамсоя нигаронкунанда мебошад.

«Дар ин замина мо барои таҳкими ҳифзи сарҳад бо Афғонистон тадбирҳои иловагӣ меандешем. Мо ҷонибдори таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ миёни мақомоти дахлдорамон ҳастем»,-иброз доштанд Эмомалӣ Раҳмон.

Қаблан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хостори таъсиси «камарбанди амниятӣ» дар атрофи Афғонистон шуда буданд, зеро дар ин кишвар амалиёти ҷангҷӯёни ДОИШ* шиддат мегирад.

Котиби генералии СААД Станислав Зас гуфт, ки ин созмон Тоҷикистонро аз таҳдидҳои аз Афғонистон бароянда  ҳифз хоҳад кард.

Ҳамчунин оид ба таҳкими сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистон Президенти Русия Владимир Путин низ сухан гуфт.

Сарвари Русия иброз дошт, ки Москва ва Душанбе ба таври густурда ҳамкориро дар сами амниятӣ рушд медиҳанд ва Русия барои мустаҳкам намудани қобилияти мудофиавии ҷумҳуриҳои иттифоқӣ кӯшиш менамояд.

__________________

*Ташкилоти террористии мамнуъ дар Тоҷикистон ва Русия.

Январь 26, 2022 10:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид