ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 январ, панҷшанбе, 27-умин рӯзи соли 2022 аст
27 январи соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов ба муносибати бистумин солгарди барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон барқияи шодбошӣ ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла, чунин гуфта мешавад: «Аз лаҳзаҳои ба даст овардани истиқлол давлатҳоямон мунтазам ба пурра сохтани мазмуни нави ҳамкории байнидавлатии худ бо ҳамгиройии фаъол дар арсаи байналмилалӣ кӯшиш мекунанд».
***
5 сол пеш, 27 январи соли 2017 дар «Кохи Наврӯз» Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2004 Гвардияи президентӣ ба Гвардияи миллии Тоҷикистон тағйири ном кард.
27 ЯНВАР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Рӯзи байналмилалии хотираи қурбониёни Ҳолокост.
РӮЙДОДҲО:
27 январи соли 1993 миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон муносиботи дипломатӣ барқарор карда шуд.
***
27 январи соли 2017 дар шаҳри Душанбе китоби «Қазоқҳои Тоҷикистон»-и профессор Абдусаттор Нуралиев рӯнамоӣ гардид.
***
5 сол пеш, 27 январи соли 2017 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 14-уми Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор гардид.
***
27 январи соли 1935 дар бозии ниҳоии чемпионати Амрикои Ҷанубӣ оид ба футбол дастаи Уругвай дастаи Аргентинаро бо ҳисоби 3:0 мағлуб кард.
***
Дар ин рӯзи соли 1987 ИМА ва Муғулистон муносиботи дипломатӣ барқарор намуданд.
***
27 январи соли 1990 забони беларусӣ забони давлатии Беларус эълон карда шуд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ …
Соли 1916 Манитоба аввалин музофоти Канада шуд, ки дар он ба занҳо ҳуқуқи интихоб дода шуд.
***
Соли 1948 дар Амрико аввалин магнитофони ширкати «Wire Recording Corporation of America» ба фурӯш бароварда шуд, ки 149,5 доллар арзиш дошт.